Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

калоният. — суханашро давом дод модаркалонам, — дар ҷавониашон, аз ваҷҳи ин ки ба додои ту меҳрубонтар буданд, додотро дӯст намедоштанд, бахилӣ мекарданд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 23). Модарам бо андешаи ин ки агар аз меҳмонхона дутор пурсад, сабаби кунҷковии номаҳрамон мешавад, бародарам Азизхонро ба хонаи яке аз ҳамсояҳои дутордор фиристод, ки дуторашонро пурсида гирифта биёред (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 17).

Каждум аз роҳи он ки бадгуҳар аст,
Монданаш айбу куштанаш ҳунар аст
(Зарбулмасал).

Ман доду фиғони падарам барин одами калонро аввалин бор медидам ва ин доду фиғон воҳимаи маро аз ҳаёли ин ки акнун модарам абадӣ аз мо рафт ва мо ятим мондем, садчанд зиёд мекард (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 111).

Маънои сабаби ҷумлаи пайрав нисбат ба пайвандакҳои аз он ҷо ки, аз он ки дар пайвандаки сабаб ин ки равшантар аст: Аммо аз он ҷо ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ салла набаста буд, аз ӯҳдаи ин кор набаромад (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 60).

Хез аз ҷову ба худ ою ба майдон рав, зафар кун,
З-он ки бе кӯшиш нагардад кас музаффар, эй деҳотӣ.
(А. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 185).

Ҷононаи ман, ту ранҷбарзодаи ту,
Хуштар зи ту нест баҳри дилдодаи ту.
Бо он ки ба кору меҳнат омодай ту,
Аз ҷумлаи дилбарон ҳам озодай ту.
(Ҳ. Ю. Асарҳои мунт.).

Канали Сариқамиши мо аз ин канали афғонҳо калонтар аст, лекин мо вайро дар дуним моҳ сохта тамом кардем, сабаб ки мо техника дорем (С. У., Навобод, саҳ. 372).

Пайвандаки чаро ки характери архаистӣ дошта, дар забони адабии ҳозираи тоҷик қариб кор фармуда намешавад:
Рошҳои гирди хирманҷойро баланд кун, ки аз муқаррарианӣ ду баробар шавад, чаро ки хирманҷой сахт мешавад, агар рошаш баланд нашавад, аз об сер намешавад (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 28). Баъд аз тамом шудани ҷанҷоли Арбоб-Камол шабе Одина бо модаркалони худ аз ҳар дарак сӯҳбат мекард ва мехост, ки гапро ба болои сафари худ оварад,

пешина
аз 109
навбатӣ