Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ин ки, аз хаёли ин ки, аз роҳи он ки, вагарна (в-ар-на), набошад, гуфта.

Таносуби истеъмолии пайвандакҳои номбурда як хел нест. Дар забони адабии тоҷик аз ҳама бисёртар пайвандакҳои ки, зеро, зеро ки, чунки, азбаски, вагарна, модоме ки кор фармуда мешаванд ва бе сабаб нест, ки дар аксарияти сарчашмаҳои номбурда ҳамин пайвандакҳо, ғайр аз вагарна, ҳамчун пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ қайд ёфтаанд. Пайвандакҳои набошад, барои он ки, барои ин ки, бинобар он ки, бинобар ин ки, чун, ба сабаби он ки ба дараҷаи пайвандакҳои гурӯҳи якум серистеъмол набошанд ҳам, мисли пайвандакҳои сабаб ин ки, аз он ҷо ки, он ки, аз он ки, бо ин ки камистеъмол нестанд. Пайвандакҳои чаро ки, аз тарси он ки, аз ҷиҳати он ки, ба ҷиҳати он ки, сабаб ки, ба гуноҳи ин ки, аз ваҷҳи ин ки, бо андешаи ин ки, аз хаёли ин ки, аз роҳи он ки камистеъмол мебошанд.

Чи хеле ки маълум аст, аксарияти пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ аз пешоянду ҷонишину пайвандак ва ё аз пешоянду исму ҷонишину пайвандак таркиб ёфтаанд. Ин тип пайвандакҳо пурра грамматиконида нашудаанд ва маънои луғавиашон то як андоза мушоҳида карда мешавад, вале он ба дараҷае суст аст, ки онҳо ба сабаб будани ҷумлаи пайрав ишора меканандду бас. Мисол: Вай аз тарси он ки босмачиён милтики шикориашро кашида мегиранд, онро қайҳо боз дар ким-куҷо пинҳон карда монда буд ва шикорашро бо бургут мекард (С. А., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 162).— Шӯмо аз ҷиҳати ин ки бар хилофи қарори маҷлиси ҳарбӣ дар шиллики якум ба ҷои бист милтик даҳ милтик холӣ купонда, отрядро дар интибоҳ андохтаед, гунаҳгоред (С. А., Кул., ч. III, саҳ. 394). Ин ҷо як қишлоқи обод буд, босмачиён ба гуноҳи ин ки аҳолиаш аскарони сурхро ба худ роҳ додаанд, ин ҷоро сӯхтанд, ҳар касеро, ки аз марду зан, пиру ҷавон, хурду калон ба дасташон афтанд, куштанд (С. А., Кул., ч. II, саҳ. 429).

Аксарияти пайвандакҳои таркибӣ, махсусан пайвандакҳои сабаб ин ки, сабаб ки, аз он ҷо ки, аз он ки, аз тарси он ки, аз ҷиҳати он ки, ба ҷиҳати он ки, ба гуноҳи ин ки, аз ваҷҳи ин ки, бо андешаи ин ки, аз хаёли ин ки, аз роҳи он ки бештар бо ниятҳои услубӣ истеъмол меёбанд, — пайвандакҳои мазкур асосан ба забони гуфтугӯӣ мансуб буда, дар он дараҷаи истеъмолинашон васеътар аст. Мисол: Ман аз тарси он ки акнун китобам аз даст меравад, ҳиқ-ҳик гирья сар кардам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 132). — Амакхои

пешина
аз 109
навбатӣ