Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
    Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
    (М. Т., Бозгашт).

  2. Чун аксарияти азимаи аҳолии мамлакат мо муздурон ва деҳқонон ҳастем, ба шарти иттиҳод ва иттифоқ ба қувваи ҳукумати подшоҳӣ ғолиб хоҳем омад (С. А., Кул., Ҷ. I, саҳ. 226).

  3. Мапарвар саг, ки чун девона гардад,
    Балои ҷони соҳибхона гардад.
    (М. Т., Кул., Ҷ. II, саҳ. 101).

Дар ин се мисол ҳамаи ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки чун алоқаманд шудаанд. Аммо ҳамаи онҳоро як хел ҷумлаи пайрав номидан мумкин нест, онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Ҷумлаи пайрав дар мисоли якум замони воқеъ гардидани амали сарҷумларо, дар мисоли дуюм дар асоси чӣ ба амал омадани сарҷумларо, дар мисоли сеюм ба кадом шарт вобаста будани иҷрои амали сарҷумларо нишон медиҳад, яъне яке замон, дигаре сабаб ва сеюмаш шарт мебошад. Бинобар ин на ҳамаи пайвандакҳо нишондиҳандаи ҳақиқии муносибати ҷумлаи пайрав бо сарҷумла мебошанд ва дар вақти муайян намудани ин ва ё он ҷумлаи пайрав воситаи грамматикӣ ва мазмуни ҷумларо дар якҷоягӣ бояд ба ҳисоб гирифт.

Ин масъала вақте ки вазифаи пайвандакҳоро як-як аз назар мегузаронем, боз ҳам равшантар мешавад.

Пайвандакҳо ҳамеша бо ҷумлаҳои пайрав меоянд ва ин тобеияти ҷумлаи пайравро ба сарҷумла барҷастатар нишон медиҳад.

Дар китобҳои дарсӣ3 ва корҳои илмии ҷудогона4 на ҳама пайвандакҳои тобеъкунандаи сабаб нишон дода шудаанд ва агар баъзе кӯшишҳои Шаҳобоваро истисно намоем, дар бораи вазифаи ин пайвандакҳо ғайр аз воситаи алоқа буданашон дигар чизе гуфта нашудааст.

Пайвандакҳо ва таркибҳое, ки дар ҷумла ба вазифаи
пайвандакҳои сабабӣ меоянд, аз инҳо иборатand: ки, зеро,
зеро ки, чунки, азбаски (баски, зи бас, зи баски, бас, азбас),
барои он ки, барои ин ки, модом ки, чун (чу), бинобар ин ки,
бинобар он ки, аз сабаби ин ки, ба сабаби ин ки, ба сабаби он
ки, аз он ки (зи он ки, з-он ки), бо он ки, аз тарси он ки,
сабаб ин ки, сабаб ки, чаро ки, аз он ҷо ки, ин ки, он ки
аз ҷиҳати он ки, ба гуноҳи ин ки, аз ваҷҳи ин ки, бо андешаи

пешина
аз 109
навбатӣ