Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
ПАЙВАНДАКҲОИ ТОБЕЪКУНАНДАИ САБАБӢ
ВА ВАЗИФАИ ОНҲО
Пайвандак ба ҳиссаҳои номустақили нутқ мансуб буда, барои ба ҳам алоқаманд намудани аъзоҳои ҷумлаи содда ва ҷумлаҳои соддаи таркибӣ ҷумлаҳои мураккаб хизмат мекунад. Пайвандакҳо ба ду гурӯҳи калон: пайвандакҳои пайвасткунанда ва пайвандакҳои тобеъкунанда ҷудо мешаванд.
Пайвандакҳои тобеъкунанда бар хилофи пайвандакҳои пайвасткунанда аъзоҳои ҷумла ва ё ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқро не, балки барои барқарор намудани алоқа ва нишон додани муносибати сарҷумла ва ҷумлаи пайрав ба кор бурда мешаванд. Пайвандакҳои тобеъкунанда хеле зиёд буда, як гурӯҳи калони онҳоро пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ ташкил менамоянд.
Пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ барои барқарор намудани алоқаи ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла хизмат мекунанд. Мисол: Барои ноншиканон кардан ҳам роҳ банд буд, зеро ба расми ноншиканон се-чор нафар калоншавандагонро зиёфат кардан ва ба онҳо як донагӣ рӯймолча додан даркор буд, барои ин хароҷот ҳеҷ набушод бист танга лозим буд ва ҳол он ки ӯ як танга ҳам надошт, ба пул мерафтаги чизаш ҳам мамонанд буд (С. Л., Кул., Ҷ. I, саҳ. 246).
Вазифаи пайвандакҳои сабабӣ бо тобеъ намудани ҷумлаи пайрав ба сарҷумла маҳдуд намешавад, онҳо дар айни замон нишондиҳандаи муносибати ҷумлаи пайрав ва сарҷумла мебошанд, маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки С. И. Абакумов менависад:
«Агарчи пайвандакҳо мисли пешояндҳо калимаҳои ёридиҳанда бошанд ҳам, ин чунин маъно надорад, ки онҳо тамоман аз маънӣ холӣ бошанд.2
Аз ин ҷост, ки барои таснифоти ҷумлаҳои пайрав роли пайвандакҳо калон аст. Роли пайвандакҳо баъзан ба дараҷае мерасад, ки агар пайвандаки хоси як ҷумлаи пайрав бо пайвандаки хоси дигар ҷумлаи пайрав иваз карда шавад, ҷумлаи пайрав на танҳо ба тобиши маъноӣ дучор мешавад, балки мазмуни худро баъзан тамоман тағйир дода, аз як ҷумлаи пайрав ба дигаре иваз мешавад. Аммо пайвандакҳо на ҳама вақт нишондиҳандаи боэътимоди ҷумлаи пайрав ба шумори мераванд ва танҳо аз рӯи пайвандакҳо тасниф кардани ҷумлаҳои пайрав ғалати маҳз аст. Дар забони адабии тоҷик бисёр пайвандакҳое ҳастанд, ки барои ба сарҷумла тобеъ намудани якчандто ҷумлаҳои пайрав қобиланд.
Мисол:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё