Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
махсуси ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб меомада бошанд, барои алоқаи ҷумлаи пайрав бо сарҷумла ҳамон ин воситаҳо метавонанд дар якҷоягӣ амал кунанд. Мисол: «Азбаски ман ҳам, Иброҳим ҳам кори боғдориро нағз медонистем ва бо ишораи ӯ ҳамаи корҳоро мувофиқи табъаш мекардем, ҳамеша моро дуо мекард ва ба бой таъриф мекард (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 74).
Дар ин мисол ҳам пайвандак, ҳам интонация, ҳам мутобиқати шаклҳои сиғаи феълӣ ва ҳам ҷобаҷогузории ҷумлаҳо мушоҳида карда мешавад. Пайвандаки азбаски ва мазмуни сабаб-натиҷа боиси паси ҳам воқеъ гардидани амали ҷумлаҳо ва пеш аз сарҷумла омадани ҷумлаи пайрав шудаанд, ҷумлаи пайрав бо оҳанги камтар баландтар, сарҷумла бошад, пасттар талаффуз карда мешавад. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷобаҷогузории калимаҳо низ роли калон дорад. Дар ҷумлаи пайрав мубтадо чида шуда омадааст, мубтадони сарҷумла бошад, шахси сеюми танҳо буда, вале дар ҷумла зикр наёфтааст. Аммо калимаҳо чунон устокорона ва мувофиқи қоидаи грамматикӣ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки набудани мубтадо тамоман ҳис карда намешавад ва он ҳанӯз аз ҷумлаи пайрав аён аст. Ибораҳои «бо ишораи ӯ» ва «мувофиқи табъаш», ки дар таркиби ҷумлаи пайрав омадаанд, ва калимаи «моро», ки ҷонишини мубтадоҳои чидаи ҷумлаи пайрав буда, дар сарҷумла омадааст, алоқаи зичи ин ду ҷумларо низ далолат мекунанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар алоқамандшавии сарҷумла бо ҷумлаи пайрав наомадани пайвандак ва ё калимаҳое, ки ба ин вазифа омадаанд, мумкин аст, аммо омадани интонатсия, мутобиқати шаклҳои сиғаи феълӣ, ҷобаҷогузории калима ва ҷумлаҳо шарт аст, бе онҳо ҷумлаи мураккаб ташаккул намеёбад. Мисол: Агар фурӯши ҳарро ба рӯзӣ бозори дигар монад, намешавад, барои ӯ пул даркор аст (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 241). Дар баҳор рафтан нағз: ҳаво хушк ва гарм (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 216). Аз абзоёни правления Раҳим ҳеҷ касро наёфт: ҳамаи онҳо дар саҳро буданд (С. У., Навобод, саҳ. 31).
Дар ин мисолҳо ҳеҷ гуна пайвандак ва ё калимаҳои ба ин вазифа омада мавҷуд нест, вале ҷумлаҳо ба ҳам дар робитаи мустаҳкаманд. Аммо ин тарзи алоқаро бо робитаи пайвандакӣ як донистан мумкин нест, чунки пайвандакҳо ҳам воситаи алоқа ва ҳам нишондиҳандаи муносибати ҷумлаҳо мебошанд ва алоқаи ҷумлаҳо бо пайвандак равшантар зоҳир мегардад. Бинобар ин дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ рол ва мавқеи пайвандакҳо басо калон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё