Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Боби III

ВОСИТАҲОИ ГРАММАТИКИИ АЛОҚАИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ БО САРҶУМЛА

Дар илми забоншиносӣ дар бораи воситаҳои грамматикии алоқаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб маълумоти зиёд дода шудааст. Ҳамаи он воситаҳои алоқаро одатан ба ду гурӯҳ ҷудо карда, вобаста ба онҳо ҷумлаҳои мураккабро ҳам ба ду гурӯҳи калон: ҷумлаҳои мураккаби тобеи пайвандакдор ва ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандак тақсим менамоянд1.

Дар ҳақиқат барои ба ҳам алоқаманд шудани сарҷумла ва ҷумлаи пайрав пайвандакҳо мавқеи калон доранд ва вобаста ба пайвандакҳо асосан ҷумлаҳои пайравро низ муайян мекунанд. Аммо дар илми забоншиносии тоҷик воситаҳои асосии алоқаи грамматикии ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак, аз ҷумла мураккаби тобеъ, кор карда нашудааст. Азбаски таъбири «бепайвандак» маънои робита надорад ва он танҳо ҷиҳати зоҳирии масъаларо дар бар мегирад, мо воситаҳои грамматикии алоқамандшавии сарҷумлаю ҷумлаи пайравро бо номҳои муайяни худашон номбар мекунем. Воситаҳои асосии ба ҳам алоқаманд шудани сарҷумлаю ҷумлаи пайрави сабаб ва нишондиҳандаи муносибати онҳо асосан аз инҳо иборатанд: пайвандакҳо, калимаҳои нисбӣ, интонация, дар робитаи сарҷумла ва ҷумлаи пайрав мутобиқати шаклҳои сиғаи феълӣ ва ҷобаҷогузории ҷумлаҳо ва калимаҳо низ роль мебозанд.

Ин тақсимот маънои онро надорад, ки ҳар яке ин воситаҳои грамматикӣ барои ба ҳам алоқаманд шудани тили

пешина
аз 109
навбатӣ