Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҷавдор ба авлоди Секале мансуб аст. Ба И.Н.Державин муяссар шудааст, ки дар натиҷаи ҷуфткунии ҷавдори бисёрсолаи ёбоӣ бо яксолаи парваришӣ ҷавдори бисёрсола барорад. парвариши ҷавдор нисбат ба гандум осонтар аст. Аз рўи талабот ба рўшноӣ ҷавдор ба гурўҳи растаниҳои рўзи дароз дохил мешавад. Барои саросар неш задани тухми ҷавдор дар саҳро ҳарорати 5-60С гармӣ зарур аст. Дар хокҳои намнок ҳангоми 12-140С будани ҳарорат баъд аз 5-6 рўзи коштан майсааш саросар пайдо мешавад. Дар байни зироатҳои ғалладонагии гурўҳи якум ҷавдор бо тобовариаш ба хунукӣ ва зимистонгузарониаш бартарӣ дорад.
Барои пурра нашъунамокунии ҷавдор вобаста ба навъҳои 1500-17000С ҷамъи ҳарорати фаъол лозим аст. Дар шароити муносибтарини парвариш ҷавдор ба 25-300С хунукӣ тобовар аст. Ҷавдор зироати ба намӣ серталаб буда, дараҷаи (коэффитсиенти) транспиратсио-ниаш вобаста ба минтақаҳои гуногуни хокию иқлимӣ ва навъҳо ба 340-600 баробар аст.
Давраи барои ҷавдор хатарнок ҳангоми найчабарорию хўшабандӣ, гулкунӣ нарасидани намӣ аст.
Давраҳои саршавии панҷазанӣ ва найчабарорӣ дар ҷавдор нисбат ба гандуми тирамоҳӣ тез мегузарад. Аммо давраҳои хўшабарорӣ ва гулкунӣ нисбат ба гандум тўл мекашад. Ҳангоми давомдор будани обу ҳавои хунук ин амал дар баҳор сурат мегирад. Сабзиши тез ва бо суръати баланд ғуншавии вазни биологӣ аз хусусиятҳои хоси ҷавдоранд. Пас аз найчабарорӣ ва аввали хўшабандӣ ҷавдор метавонад дар як шабонарўз то 5 см. сабзад. Давраи нашъунамои ҷавдор вобаста ба хусусиятҳои навъӣ, шароити хокию иқлимӣ 210-240 рўз давом мекунад.
Ҷавдор нисбати гандум ба коркарди кимёвии хок камталаб аст. Барои пайдо шудани 1 сентнер дон ва миқдори мутаносиби пояи ҷавдор 3,1 кг нитроген, 1,37 кг фосфор, 2,6 кг калий сарф мешавад. Ҷавдор зироати чилликӣ (ғайримустақим) гардолудшаванда аст. Ҳавои абрноку боронӣ гардолудшавиро душвор гардонида, боиси яккадона шуданаш мегардад.
НАВЪҲО. Дар ҷумҳурии мо навъи ҷавдори «Вахш 116» ноҳиябандӣ шуда, дар шўъбаи Вахши Пажўҳишго-ҳи «Зироатчигӣ» бароварда шудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ