Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзуъ: ҶАВДОР (2соат)
Аҳмият, хусусиятҳои биологи ва навъҳо. Парвариши ҷавдор дар шароити Тоҷикистон.

Ҷавдор яке аз зироатҳои асосии озуқаворӣ буда, аз рўи аҳамияташ дар истеҳсоли нон пас аз гандум меистад. Нони ҷавдор аз рўи сифату лаззат ва қувванокиаш фарқ мекунад. Ҳазмшавии нони ҷавдор нисбати нони гандумӣ камтар бошад ҳам, қимати биологии он афзунтар аст. Дони ҷавдор дар таркибаш нисбат ба дони гандум 2,5 баробар зиёд лозим ва як миқдор зиёдтар трионин ва триозин дорад. Як килограмм дони ҷавдор 1,18, пояаш 0,21 ва 100 кг баргу пояи сабзаш 18 кг воҳиди хўрокаю (в.х.) 2,2 кг протеини ҳазмшаванда (п.ҳ.) дорад.
Дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҷавдори барои истеҳсоли хўрокаи сабз ҳангоми тамоми давраи сол пурра истифодабарии заминҳои обӣ (ба сифати зироати фосилавии дар фасли зимистон нашъунамокунанда) истифода бурда мешавад.
Барои аз сафедаҳо бой гардонидани таркиби хўрока дар аксар мавридҳо ҷавдор бо нахуди хўроки чорво (мушунг) ва мунҷ якҷоя кошта мешавад. Тавассути тез сабзиданаш ҷавдор бо алафҳои бегона метавонад нағз мубориза барад. Ҷавдор барои гирифтани дон дар Помири Ғарбӣ аз қадим боз дар шакли тоза ва инчунин бо омехтаи боқило кошта мешавад.
Соли 2005 ҷавдор дар масоҳати ҳамагӣ 212 га замини Тоҷикистон кошта шуда буд ва ҳосилнокии миёнааш 16,3 с/га-ро ташкил дод. Аз киштҳои омехтаи он бо перко, нахўд ва мунҷ то 450-500 с/га баргу пояи сабз гирифта мешавад, ки ин барои соҳаи чорводорӣ дар авали баҳор аҳамияти клаон дорад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Ҷавдори парваришӣ аз ҷавдори ёбоӣ, ки ҳамчун алафи бегона шинохта мешаваду дар шароити Осиёи Миёна мерўяд, пайдо шудааст. Дар истеҳсолот танҳо як намуди он- кошташаванда ё парваришӣ (Секале сереале) истифода бурда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ