Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҷав тез нашъунамо ёфта нисбат ба дигар зироатҳои ғаллагӣ зуд пухта мерасад. Аз ин рў кашолёбии ғунучини ҳосил сабаби пошхўрдани дони он, махсусан навъҳои ҷавҳои бисёрқатора мегардад. Дар сурати бисёр нигоҳ доштани ҳосили киштзорҳои пухта расида хўшаҳо мешикананд. Аз ин рў лозим аст, ки ҳосили ҷав саривақт, дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин (пеш аз гандум) ғундошта шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳосили ҷав бо усули дарави яклухт ҳангоми пурра пухта расидани дон ғундошта мешавад. Дар давраи думбулӣ аз усули дарави ҷудогона низ истифода мебаранд. Дар заминҳои обӣ пас аз ғундоштани ҳосил барои кишти зироатҳои ангорӣ дарҳол коркарди хок гузаронидан лозим аст.
Дони ҷаве, ки барои тайёр кардани нўшобаи ҷав истифода бурда мешавад., ҳангоми пурра расиданаш дар муддати 3-4 рўз бояд ғундошта шавад ва намнокиаш аз 22% зиёд набошад. Агар ин талаботҳо иҷро карда нашаванд, сифати нўшоба паст гашта, рангаш тира мегардад.
Майдонҳое, ки барои гирифтани дони тухмӣ ва истеҳсоли нўшоба ҷудо карда шудаанд, бояд бо комбайнҳои ғалладаравии дуустувона (СКД-5) даравида шаванд. Ин имконият медиҳад, ки донаҳои калону якхелаи расиши давраи аввал, ки бо ғаллакўбаки дўли якум майда карда шудаанд, алоҳида гирифта шаванд.
Тухмиҳоро ба воситаи мошинаҳои тухмитозакунаки «Петкус», СМ-4 тоза карда, нами онҳо то 14% хушконида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ