Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои аз хобидан пешгирӣ кардани ҷав доруи ТУР (хлорхолинхлорид) бо вояи 4-6 л/га, Композан -2-3 л/га истифода мешаванд. Истифодаи якҷояи ин заҳрдоруҳо низ самараи хуб медиҳад. Мўҳлати мўътадили истифодаи ин заҳрдоруҳои танзимкунандаи сабзиш ба давраи саршваии найчабарорӣ рост меояд. Самараи истифодаи ин заҳрдоруҳо дар он аст, ки онҳо ба кўтоҳпоя шудани растаниҳо имконят дода, муқобилияташонро ба хобидан зиёд менамояду ҳосилнокиашон афзун мегардад.
ОБМОНӢ. Ҳангоми парвариши ҷав зарур аст, ки дар тамоми давраи нашъунамои он намии хок дар ҳудуди 70-75% аз НК нигоҳ дошта шавад.
Пас аз кишт агар намии хок кам бошад, ба он тавассути ҷўякҳои кашидашуда об мемонанд. Дар давраи нашъунамо вобаста ба таъмин будани намӣ аз ҳисоби боришот ба замин 2-4 маротиба аз рўи меъёри 600 м3/га об мемонанд. Ба муқобили ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо аз маҷмўи усулу чорабиниҳои агротехникӣ ва кимёвӣ истифода мебаранд.
Коштани ҷав пас аз зироатҳои беҳтарини пешкошта, муборизаи беамон ба муқобили алафҳои бегона, коркарди хушсифату саривақтии хок, безараркунии тухмиҳо аз ҳашаротҳо ва барангезандагони касалиҳо, истифодабарии навъҳои ба ҳашароту касалиҳо тобовар аҳамияти калон дорад.
Ба муқобили маҷмўи касалиҳо (занг, пўсиши реша, фузариоз) киштзорҳо бо фунгитсидҳои Тилти 25 фоиза ё ки Байлетони 25 фоиза аз ҳисоби 0,5 кг/га коркард гузаронида мешавад.
Барои нест кардани ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ (ширинчаи ғаллагӣ, қайкчаи нонӣ, гам-бусак, кирми ғаллагиҳо, на дертар аз
20 рўзи пеш аз ҳосилбарорӣ) киштзорҳо ба воситаи заҳрдоруи волотони
50 фоиза аз ҳисоби 2 л/га ё ба воситаи фосфамиди 50% (БИ-58) к.э. бо меъёри 0,7-1,2 л/га безарар гардонда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё