Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Муаллифаш Н. С. Паришкура буда, дар киштҳои фосилавӣ дар киштгардонҳои пахта-юнучқа ва ҷуворимакка (ҷуворӣ) кошта мешавад.
Вазни 1000 донааш 27,5 г аст. Навъи тезпаз, қобилияти баланди панҷазанӣ (дар як растанӣ 24 поя) дорад. Баландии пояаш ба 140-160 см мерасад. Ин навъ ба заҳзании кишт (вымокание) тобовар буда, хобнорав аст.
Баъди дарав нағз сабзида, имконият медиҳад, ки ду ҳосили хўрокаи сабз гирифта шавад.
Дар ВМБК навъи ҷавдори маҳаллӣ помирӣ кошта мешавад. Дар таҷрибаҳои боғи Ботаникии Пажўҳишгоҳи биологии Помир навъҳои бисёрсолаи «Державная» ва «Қирғизӣ» дар давоми 3-4 сол метавонанд ҳосил диҳанд. Навъи «Қирғизӣ» дар соли дуюм ва 3-юм то 38 с/га ва дар шароити Қирғизистон то 120 с/га ҳосили пояи хушк медиҳанд.
УСУЛҲОИ АСОСИИ ПАРВАРИШ. Ҷавдорро пас аз зироатҳои лўбиёгии донӣ ва байни қаторашон коркард-шаванда (ҷуворимакка, ҷувори ва картошка) мекоранд. Ҷавдор ҳамчун зироати фосилавӣ тирамоҳ якҷоя бо алафи мунҷ, мушунг ва дар замине, ки ҳосили пахтааш чида шудааст, кошта мешавад. Дар баъзе маврид дар қитьаҳое, ки ҳосили пахта дастӣ чида мешавад, ҷавдорро дар байни қаторҳо мекоранд. Коркарди хок барои парвариши хуби ҷавдор аз зироатҳои пешинакишт ва шароити хокию иқлимӣ вобастагӣ дорад. Коркарди хок бояд намиро нигоҳ дошта, онро аз бодхурӣ эмин намуда, хокро ҳамвор ва алафҳои бегонаро нест кунад.
Барои кишт дар шароити Помири Ғарбӣ заминро дар чуқурии 20-25 см. шудгори тирамоҳӣ карда, дар баҳор онро сихмола мекунанд. Пеш аз кишт хокро бо сихмола (чизел) ё чархомолаҳо дар чуқурии 10-12см. нарм менамоянд.
Меъёри истифодаи нуриҳои минералӣ аз рўи ҳисоби гирифтани 1с.
ғалла бо пояаш чунин муайян шудааст: нитроген 3,1кг., фосфор 1,3 кг., калий 2,6 кг. Умуман 50-60 кг/га нитроген ва 40-50 кг/га фосфор (м.т.) истифода мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ