Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳарорати хубтарин (оптималии) барои пайдошавӣ ва пуррашавии ғилофакдор 18-22°С мебошад. Ҳарорати аз 26-28°С зиёд ба нашъунамои мушунг таъсири манфӣ мерасонад. Навъҳои зимистонии мушунг ба ҳарорати аз 12-15°С паст пуртоқатанд. Майсаҳои мушунг сармоӣ кўтоҳмуддати баҳориро дар ҳудуди-5-6°С метавонанд аз cap гузаронад.
Барои пурра гузаштани давраи нашъунамои мушунг 1400- 1600°С ҳарорати фаъол лозим аст. Дар кишти баҳорӣ давраи нашъунамояш 75- 115 рўз давом мекунад.
Мушунг ба намии хок серталаб аст. Барои нашъунамояш намии беҳтарин 70-80% аз НК аст. Хусусияти ба хушкӣ тобовариаш нисбат ба мушунги маҳаллӣ ва наск паст аст.
Коэффисенти траспиратсиониаш 480-500 аст.
Мушунг растании рушноидўст аст. Талаботаш ба хусусиятҳои хок баланд буда, дар хокҳое, ки аэратсияи нағз ва муҳити бетараф- рН-6-7 доранд, нағз месабзад. Дар хокҳои турш ва вазнин бактерияҳои лундашакл нағз инкишоф намеёбад.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШ. Ба майдони мушунг кошташуда танхо баъди 5-6 сол такроран мушунг бояд кошт, зеро такрор ба такрор киштани ин зироат боиси камҳосилшавии замин гашта ба паҳншавии ҳашароти зараррасон-нематодҳо ва касалиҳо сабаб мешавад. Дар киштгардон мушунг пас аз зироатҳои баҳорӣ ва тирамоҳии ғалладонагӣ, зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда (ҷуворимакка, лаблабу ва картошка) кошта мешавад. Дар заминхои лалмй мушунг ба сифати зироати бандкунандаи заминҳои дамдодашуда истифода бурда мешавад.
Дар шароити заминҳои обӣ дар истеҳсолот киштҳои омехтаи мушунг бо сулӣ ва ҷав ҳамчун зироатҳои зимистон нашъунамокунандаю фосилавӣ (мобайнй) ба таври васеъ паҳн шудаанд.
КОРКАРДИ ХОК. Мушунг ба коркарди хок талаботи калон дорад.
Шудгори хушсифат, ки дар чуқурии 26-28 см бо испор (плуг) ва олоти қабати шудгорро чуқуркунанда гузаронида мешавад, низоми ҳавоӣ ва обии хокро беҳтар карда, имконият медиҳад, ки силсилаи (системаи) решагии мушунг нағз инкишоф ёбад, фаъолияти микроорганизмҳо хуб шавад ва истифодаи моддаҳои ғизоии душвормаҳлулшавандаи қабатҳои поёнии шудгор имконпазир гашта, қитъаҳо аз алафҳои бегона тоза шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё