Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Баландин пояаш 150-160 см буда, ранги гулаш нофармон асг ва ҳар як гулпояаш 1-2 гул дорад, ки каме хамидаи сабз буда, нўгашон кунд мебошад. Вазни 1000 донааш 180-120 гр. аст. Аз ҳар як гектар метавонад 161,0 с/га барги пояи сабз, 31,6 с/ га баргу пояи хушк ва 16,6 с/га дон (қитъаи навъсанҷии собиқ ноҳияи Совет) диҳад. Ин навъ нисбати мушунги маҳаллӣ тезпаз аст. Дар таркиби донаш 27,6-30,61% сафеда дорад.
ХАРКОВСКИИ УСАТЫЙ. Навъи хурокӣ буда, ба хели намудии мўйлабдор мансуб аст. Дар Пажўҳишгоҳи растанипарварӣ, ирсият ва тухмипарварии Украина бо усули интихоб аз маҳалли муайян (популяция) бароварда шудааст.
Дар соли 1993 барои парвариш дар ноҳияҳои водии Вахш ноҳиябандӣ карда шудааст. Баландин пояаш 150-170 см аст. Буттааш калон буда, вазни 1000 донааш 254-285 гр. мебошад. Баргаш қаламчашакл буда, ба мўякчаҳои бисёри тобхўранда мубаддал шудааст. Гулҳои сафеди калон дошта, дар ҳар як гулпоя 1-2 гул ҷойгир мешавад. Ғилофакҳои рост дошта, ҳар кадомаш 5-6 донаги тухмӣ доранд. Донаҳояш калони мудаввари кунҷдор мебошанд. Дар солҳои санҷиш (1985-1986) ҳосилнокии баргу пояи сабзаш ба 400 с/га расида буд, ки ин нисбат ба навъи мушунги маҳаллӣ 96 с/га зиёд аст. Аз ҳар як гектар 25,6- 28,2 с дон гирифта шудааст. Навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 151-170 рўз давом мекунад. Ба аскохитоз ва ширинча аз миёна зиёдтар гирифтор мешавад.
Навъи навбаровардашудаи Арсенал, ки донаш пош намехўрад, барои истеҳсолот аҳамияти калон дорад. Ҳосилнокии донаш 50 с/га аст. Аз соли 1990 cap карда, навъи нави хўрокагии тирамоҳӣ аз санҷиши давлатӣ гузашта истодааст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Мушунг растании дарозрўз буда, махсусан навъҳои хўрокиаш ба гармӣ кам эҳтиёҷ доранд. Донаи мушунг дар ҳарорати 1-2°С ба сабзиш cap мекунад. Барои саросар баромадани майсаҳояш ҳарорати 4-5 С лозим аст.

пешина
аз 314
навбатӣ