Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои пас аз зироатҳои ғалладонагӣ ҷойгир кардани мушунг пеш аз шудгор поязор бояд дар чуқурии 7-8 см мухашшар (лущение) карда шавад. Дар баҳорон ба мақсади нигоҳ доштани намии хок, заминҳои шудгоршуда бо сихмолаҳои вазнини БЗТС-1,0 ва нармкунӣ дар чуқурии 8-10 см гузаронида мешаванд. Ин коркард бо дастгоҳи якҷояшуда дар самти кундалагии шудгор гузаронида мешавад. Сипас ба кишт тайёр мешаванд. Истифодаи дастгоҳҳои якҷоякардашудаи коркарди хок РВК, АПК самаранок аст. Зеро ин мошинҳо бо як ҳаракат метавонанд, ки хокро нарм, ҳамвор, сихмола, шиббагелон ва кишт кунанд Коркарди хок ҳангоми кишти тирамоҳии мушунг ба коркарди хоки кишти гандум монанд аст.
НУРИҲО. Мушунг ба нуриҳо, махсусан ба нуриҳои фосфорӣ серталаб аст. Барои пайдоиши 1 с дон ва микдори мутаносиби баргу пояҳо мушунг аз хок 4-6 кг нитроген, 1,6-2 кг фосфор, 3-4 кг калий мегирад. Миқдори зарурии микроэлементхо -молибден ва бор низ пошида мешавад.
Пеш аз коркарди асосии киштзор ба ҳисоби миёна 40-45 кг/га Р2О5 пошида мешавад. Ҳангоми кишт аз ҳисоби 15-20 кг Р2О3 истифода кардани суперфосфати ғурушагӣ самаранок мебуд.
Талаботи асосии нуриҳои нитрогенӣ аз ҳисоби ғуншавии нитрогени биологӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти бактерияҳои лундашакл пайдо мешавад қонеъ мегардад. Бинобар ҳамин хам меъёри ибтидоии нитрогенро дар ҳаҷми 25-30 кг/га дар вақти коштан ё баъди он мепошанд.
Самаранокии истифодаи нуриҳо дар вақти мувофик будани намнокии хок меафзояд.
Тадқиқотҳои илмӣ (Г.С.Посыпанов) нишон медиҳанд, ки муҳайё кардани шароити беҳтарин барои симбиоз (фурўбарии нитрогени атмосфера ба воситаи бактерияҳои лундашакл, ки дар решаи зироатҳои лубиёгӣ ҷойгир мешаванд), метавонад самаранок истифода бурдани нуриҳои фосфорию калийгиро афзоёнад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё