Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзўъ: Ҷ У В О Р Ӣ (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи парвариши ҷуворӣ.
Ҷуворӣ зироати ғалладонагии ба хушкӣ тобовар буда, ба таври бисёрсоҳавӣ (универсалӣ) истифода бурда мешавад. Дар як қатор мамлакатҳои дунё ҷуворӣ ҳамчун зироати ғаллагӣ (нонӣ) парвариш карда мешавад. Аз дони ҷуворӣ ярма тайёр мекунанд. Дар Осиёи Миёна шўрбои ҷуворӣ низ тайёр мекунанд. Ҷуворӣ барои хукҳо, ҳайвонҳои калони шохдор (ҲКШ) ва паррандагон хўрокаи емии беҳтарин ба шумор меравад. Дони ҷуворӣ дар таркибаш 65-70%- оҳар, 12-15-протеин, то 4%- равған дошта, аз лизин бой аст. Ҳар як килограмми дони он 1,2 воҳиди хўрока дошта, аз рўи қимати хўрокиаш ба хўроквориҳом ҷуворимаккагӣ монанд аст. Силоси ҷуворӣ ғизонокии баланд дорад. Дар 1 кг силоси аз ҷуворӣ тайёр карда шуда 0,22 ва баргу пояи хушкаш 0,42 воҳиди хўрока мавҷуд аст.
Ҷуворӣ ҳамчун зироати байни қаторҳояш коркардшаванда дар киштгардон зироати пешинакишти пурқиммат аст. Онро дар киштҳои ангорӣ ва баъди зироатҳои барои хўрокаҳои чорво парвариш кардашуда, мекоранд. Ҷуворӣ барои заминҳои дамдодашуда яке аз зироатҳои беҳтарини заминбандкунанда аст. Аз навъҳои ҷорўбии он ҷорўб тайёр мекунанд.
Навъҳои қандии он дар таркиби пояҳо аз 15 то 20% қанд доранд. Ин навъҳо барои истеҳсоли ром (шароби ҷуворӣ) ва силос истифода бурда мешаванд.
Ҷуворӣ дар заминҳои лалмӣ низ нағз нашъунамо мекунад. Новобаста ба он ки зироати ғаллагии бостонӣ ва анъанавист, боиси таассуф аст, ки масоҳати майдони кишти он сол то сол кам шуда истодааст. Дар соли 2005 ҳамагӣ дар масоҳати 200 га парвариш карда шудааст. Дар баробари ҷуворимакка ҷуворӣ ҳамчун зироати беҳтарини силосӣ парвариш карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ