Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳар як килограмм силоси дар ин лаҳза тайёршуда аз рўи миқдори воҳиди хўрока (в.х.) то 0,32 зиёд шуда, дар таркибаш 13,92 г протеин ҳазмшаванда дорад. Дар натиҷа аз ҳар як гектар миқдори зиёди воҳиди хўрока гирифта мешавад. Тайёр кардани силос дар давраи инкишофи думбулии дон дар шароити Тоҷикистон (дар истодгоҳи санҷиши мошина-ҳои Тоҷикистон) ҷорӣ карда шудааст. Барои кашонида-ни ҳосили дон ва сўтаҳо ТПК-20А истифода бурда мешавад. Дар хоҷагиҳои калони ҷуворимаккапарварии Украина ва Молдавия усули якҷояшудаи ғунучини ҳосили дон ҷорӣ шудааст, ки бо ин амал сўтаҳои ғундошташуда дар шароити статсионарӣ-хирманҳо донро ҷудо карда, баъд тоза ва дар комплексҳои хушккунанда хушк мекунанд.
Барои коркарди ҳосили дони ҷамъоваришуда, хушконидану ҷудо кардани дон аз сўтаҳо ва бор карда-ни он ба мошинаҳои боркаш аз пункти махсус – ПМУ-1,5 истифода бурда мешавад.
Мувофиқи дастури нақшаи Давлатӣ, ВХҚ ва омори давлатӣ (1988) Иттифоқи Шўравӣ ҳисобгирии вазни аввалаи он дар вақти 22% намдор будани дон гузаро-нида мешуд. Аммо мувофиқи талаботи стандарти давлатӣ (ГОСТ) пас аз хушконидани дон, намиашро то ба 14% мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё