Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Усулҳои обмонии боронию қатрагӣ умедбахшанд. Дар ИМА аз обмонии ғизонок ба таври васеъ истифода мебаранд. Бо ин мақсад 1/3 меъёри солонаи нитрогенро вақти обмонӣ маҳлул карда дар охир вақти пурра шудани қаторҳо ва имконнопазирии коркард аз тракторҳо истифода мебаранд. Дар киштҳои ангории ҷувори-макка тавсия мешавад, ки 7-8 маротиба об монда шавад. Аз ин миқдор 3-4 бораш ба давраи инкишофи он: аз пайдоиши майсаҳою намудоршавии ҷорўбакҳо то давраи расиши ширию хамирии дон рост меояд.
Дар вақти обмонии ҷуворимакка ба дарозии мўътадилӣ ҷўякҳои обмондашаванда диққати махсус дода мешавад. Дар хокҳое, ки хусусиятҳои обгузарониашон калон асту дар нишебиҳо ҷойгир шудаанд, дарозии ҷўякҳои обмонӣ бояд 60-80 м, дар ҳолати бисёр нишеб будан 80- 100 м, дар ҳолати миёна ва кам будани нишебиҳо 100-120 м бошанд. Дар хокҳое, ки обгузариашон миёна аст, бояд дарозии ҷўякҳо мутаносибан ба 80-100, 100-150, 150-200 м баробар бошанд.
ЗАРАРРАСОНҲОИ ҶУВОРИМАККА. Ба киштҳои ҷуворимакка кирми тирамоҳӣ, кирми ғўза ва шапалакҳои ҷуворимакка зарари калон мерасонанд. Ба муқобили ин ҳашаротҳо маҷмўи усулҳои муборизаи агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ андешида мешаванд. Барои тоза нигоҳ доштани муҳит ва ба даст овардани маҳсулоти тозаи экологӣ усули биологӣ аҳамияти калон дорад. Тавассути ин усул организмҳои зинда - душманони табии ҳашаротҳо истифода мешаванд. Масалан, барои нест кардани ҳашаротҳо дар киштзор муфтхўри тухми ҳашаротхўранда- трихограмма аз рўи меъёри 60 ҳазор фарди модина дар як гектар сар дода мешавад. Барои нест кардани як насли ҳашарот ин меъёр 2-3 маротиба истифода бурда мешавад. Ё ин ки ба муқобили ҳашаротҳо муфтхўри кирмаки ангалин – хабробракон бо меъёри 600-700 фард дар як гектар истифода бурда мешаванд. Ин ҳашаротҳо дар лабораторияҳои биологӣ парвариш ва зиёд карда мешаванд. Дар вақти зиёд паҳншавии кирмҳои тирамоҳӣ дар пахта барои паст кардани онҳо – дендробатсиллинро истифода меба-ранд.

пешина
аз 314
навбатӣ