Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Коркарди дуюм байни қаториро вақти пайдошавии 3-4 барг бо ғизодиҳӣ якҷоя гузаронида мешавад. Бори сеюм коркарди байни қаторҳои бо ғизодиҳӣ якҷоя ҳангоми дар растаниҳо пайдо шудани 6-7 барг гузаронида мешавад.
ОБЁРӢ. Ҷуворимакка танҳо дар сурати нигоҳ доштани низоми беҳтарини обёрӣ ҳосили баланд медиҳад.
Намнокии пеш аз обмонӣ дар чуқурии 70-80 см хок дар ҳудуди 70-80% аз НК бояд бошад. Талаботи ҳадди ниҳоят ба (давраи танқисӣ) намӣ барои ҷуворимакка ба давраҳои пайдоиши ҷорўбак ва ширагирии дон рост меояд. Норасоии намӣ дар ин давра ҳосилро то 30% кам мекунад.
Натиҷаи таҷрибаҳои дар ИМА (Донишгоҳи иёлати Калифорния) гузаронидашуда нишон доданд, ки норасоии об дар давраи гулкунии ҷуворимакка бештар ба дараҷаи ҳосилнокии он таъсири манфӣ мерасонад. Дар сурати ба низоми обмонӣ риоя кардан, дар ҳамаи давраҳои инкишофи ҷуворимакка аз ҳар як гектар 98 с. дон гирифта шудааст. Аммо дар сурати вайрон кардани ин низоми обии нашъунамобахшанда ҳангоми гулкунӣ танҳо 12 с дон гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон баъд аз шудгор ба ҷуворимакка ба меъёри 1500- 2000м3/га оби захиравӣ дода мешавад. Дар давраи пурра нашъунамо кардани ҷуворимакка вобаста ба шароитҳои хокию иқлимӣ, хусусиятҳои дурагаҳо ва навъҳо 5-7 маротиба (дар водии Вахш бештар) дар фосилаи 12-15 рўзи обмонӣ бо меъёри 600-700 м3/га об дода мешавад. Дар хокҳое, ки аз рўи таркиби механикониаш ба хокҳои сабук мансубанд, ҷўякдарбайн об мемонанд. Дар сурати таъмини мўъта-дили киштҳои ҷуворимакка бо об, дар давраи пайдо шудани майсаҳо то намудоршавии ҷорўбакҳо 20-30%, аз давраи пайдоиши ҷорўбакҳо то давраи ширагирӣ 15, аз давраи ширагирӣ то давраи пухта расидани дон 20-10% оби талабшуда сарф мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ