Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҷуворимакка ба гурўҳи растаниҳои мезофитӣ дохил мешавад ва дараҷаи транспиратсиониаш да ҳудуди 174-406 мебошад. Ба гурўҳи растаниҳои ба хушкӣ тобовар мансуб буда, аз рўи ин хусусият пас аз ҷуворӣ, алафи судонӣ ва арзан ҷойгир аст. Давраи хатарнокӣ (серталабиаш ба намӣ) 10 рўз пеш аз баромадани ҷорўбак сар шуда, 20 рўз баъди он давом мекунад. Дар ин давра намнокии хок бояд 70-75% аз НК бошад. Ба намӣ махсусан навъҳои шадид, дурагаҳои серҳосил ҳангоми истифодаи меъёрҳои баланди нуриҳо сахт эҳтиёҷманданд.
Ҷуворимакка ба хоку нуриҳо ва ҷойгиркунӣ дар хок-ҳои ҳосилхези обу ҳавогузар талаботи баланд дорад. Давраи пурраи нашъунамои навъҳои миёнапази ҷуворимакка дар шароити Тоҷикистон 95-120 ва барои дерпази он 130-140 рўз аст. Дар киштҳои ангорӣ давраи нашъунамояш 10-15 рўз кўтоҳ мешавад.
ДУРАГАҲО ВА НАВЪҲО. Усули шадид истифодаи дурагаҳои иқтидори баланди фотосинтетикӣ дошта, серҳосилу тезпаз ва ба нахобидан устуворро талаб мекунад.
Дар ҷумҳурии мо дурагаҳои Краснодар 613 АТВ, Жеребковӣ-90 МВ, Имеретинӣ, навъҳои «Шўҳрат» ва «Дилшод» ноҳиябандӣ шудаанд.
«Жеребковӣ 90 МВ». Дар собиқ истодгоҳи Жеребкови Пажўҳишгоҳи Умумииттифоқии ҷуворимакка рўёнда шудааст. Дурагаи дучандаи байниқаторӣ аст. Донаш зарди дандошакл, меҳварии сўтааш сурх буда, то 165-210 см қад мекашад. Сўтаҳояш дар баландии 60-77 см поя ҷойгир мешаванд. Вазни 1000 донааш 300-320 г аст. Ҳосили дон пас аз ҷудо кардан 76-78 фоизро ташкил мекунад. Дурагаи миёнапаз аст. Давраи нашъунамояш 124-127 рўз давом мекунад. Дар қитъаи навъсанҷии Помир мутаносибан 45,7 с/га дон ва 329,6 с/га баргу пояи сабз додааст.
«ШЎҲРАТ». Ин навъ маҳсули селексияи ИИИ «Зироаткор»-и ба номи А.Махсумови АИ КТ мебошад. Соли 1992 барои силос дар водии Вахш ноҳиябандӣ карда шудааст. Дони сафеди дандоншакл дорад. Вазни 1000 донааш ба 130 г. баробар аст. То 250 см қад мекашад. Навъи миёнапазу дерпаз буда, давраи нашъунамояш барои дон 120 рўз ва барои силос 110 рўз тўл мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё