Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳосили дони тарҳрезишудаи 900 с/га дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст.
Ҳосили дар боло овардашуда имконияти ҳадди охирини ин зироат нест. Масалан, дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) ИМА (иёлати Иллинойс) ҳосили дони ҷуворимакка то ба 248 с/га расонида шудааст.
Ҳосили миёнаи дони ин зироат дар иёлот ба 163 с/га ва дар ИМА бо 80с/га баробар аст. Ин мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки бисёр захираҳои зиёд кардани ҳосилнокии дони ин зироати ғалладаонагии муҳим дар Тоҷикистон истифода нашудаанд. Тадбиқи усули шадид, дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадамони истеҳсолот метавонанд кафолати гирифтани ҳосили баланди ҷуворимакка гарданд.
Биология, навъ ва дурагаҳо.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Ҷуворимакка ба оилаи ғалладониҳо мансуб буда, ҳамчун зироати яксола парвариш карда мешавад. Профессор Илтис дар кўҳҳои баландиашон 2000-метраи Мексика ҷуворимаккаи бисёрсолаеро (терсинте) ёфтааст. Аз ҷуфткунии ҷуворимаккаи яксола бо бисёрсола ҷуворимаккаи Опак гирифта шудааст.
Ҷуворимакка намуди кошташавандаи Зеа маис буда, аз рўи шакли берунии донааш ба 8 зернамуд тақсим мешавад.
Дар Тоҷикистон навъҳо ва дурагаҳои намуди дан-доншакл (асосан) ва қирмизӣ (донасахт) барои тайёр кардани орд ва ярма истифода бурда мешаванд.
Навъҳо ва дурагаҳои ҷуворимакка тезпазанд.
Ҷуворимаккаи растании гармию рўшноидўсти рўзи кўтоҳ буда, тухмиҳояш дар ҳарорати 7-80С неш меза-нанд. Барои сабзиш ва инкишофи растанӣ ҳарорати 25-300С мусоид аст. Майсаи ҷуворимакка ҳарорати 2-30С сарморо паси сар мекунад.
Барои пурра гузаштани тамоми давраҳои нашъунамои инкишофи навъҳои ҷуворимакка ва дурагаҳои тезпазак-1600-18000С, барои навъҳо ва дурагаҳои дерпаз-2600-28000С ҳарорати фаъоли биологӣ (аз +100С зиёд) лозим аст. Ҷуворимакка ғайримустақим гардолуд мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ