Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

масҷид, ки дар деҳаи баландкӯҳи Ворӯ дидан мумкин аст.
Дар ин ҷо намунаҳои кандакории релефии ҳамворро метавон пайдо кард, ки бо роҳи намунагирии замина омода шудаанд.
КАНДАКОРӢ. Кандакорӣ дар Тоҷикистон гуногунранг буда, якчанд намудҳои техникиро дорост: кандакории барҷастаи муқарнасӣ, кандакории ҳамвор, чуқур, дутарафа, рӯйбаста. Бо пилта нақшҳои калони геометрӣ, давра ва дигар нақшҳои муҷмал, пардоз мешаванд. Хатҳои нимор дар ороиши ҳошия мувофиқанд. Кандакорон хатҳои дигарро бо буриши нимашакл ва нимҳашт, яъне шашкунҷа ва ҳашткунҷаро медонистанд1œ²®À®»ҳунармандон аз чўби чинор, чормағз, арча ва ғайраҳо истифода мебаранд. Барои сохтани ҷузъиёти меъморӣ чубҳои сифатан хубу сахт истифода мешуданд. Дар хонаи сохтаи Абдураҳим Аюбов (1920-2008), нақшаи анъанавии ҳуҷра аз ҷониби ӯ ба тарзи тарроҳии аврупоӣ тағйир дода шуда буд. Вай малакаҳои коркарди чӯбро дар миёнаи асри ХХ аз Абдулло Алиев аз деҳаи Тагоби Халқ омӯхтааст.
Як тарфаи девори ҳуҷраро ҷевон, ба истилоҳ стенка, ки худи соҳиби хона сохтааст, пурра ишғол мекунад. Онро дарҳои шишагӣ бо равоқҳо ва нақшҳои хурди ороиши, ба шакли гулбандиҳои нилуфар оро додаанд ва дар атрофи фриз бо нақшҳои хурди равоқдор мавҷуд аст. Дар яке аз деворҳо тоқ барои ҷойгаҳи хоб - тахмон ва алоҳида барои асбобҳои рӯзгор - тоқча сохта шудааст, ки аз ҷониби А.Давидов қайд гардидааст2œ»ҳо дарҳои чӯбин бо нақши муқарнас, ба шакли ситораи панҷгӯша, гул ва хатҳои нимори ҳошиядор доранд. Биноҳои хоҷагӣ низ дарҳои

1Абдуллоев Д.Торговые и культурные связи Средней Азии и Европы в VIII–X вв. // Материалы Пенджикентской археологической экспедиции.
Вып. ХХ. Тезисы докладов научной конференции «Аспекты Согдийской культуры».-СПб,2016.-С.43-44.
2 Рахимов М. Ук.соч.- С.59 чӯбин доранд, ки бо нақшҳои маҳини кандакорӣ оро дода шудаанд.

пешина
аз 50
навбатӣ