Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Муҳаббат ба чӯб, коркарди кандакории бадеии чуб дар болооби Зарафшони анъанавист. Азбаски дар минтақаҳои кӯҳӣ таҷрибаи ороиши девор бо расмҳои тасвирӣ вуҷуд надорад. Маводҳои чӯбӣ ҳамзамон нақши қисмҳои борбардори иншоотро мебозид, инчунин нақши ороишӣ низ доранд.
Ба ёд овардани намунаҳои классикии ин ҳунар кофист, ба монанди асарҳои кандакории Панҷакент (асрҳои V – VII), сутунҳо аз деҳаи Оббурдон, Урметан, меҳроби Искодар (асрҳои IX X), ки М.С.Андреев пайдо намуда, аз ҷониби муҳақиқони дигар омӯхта шудааст. Онҳо мешуморанд, ки сохтори ороиши он бо нақши сербарг ва кандакории дутарафа, ки баъзе элементҳои нақшро мепӯшонид, “ба дараҷае мукаммал буд, ки намунаи нафиси он дар санъатӣ исломи дарёфт намешавад”.1 Асосан, дар Болооби Зарафшон, дарҳои якқабата, дуқабатаи тахтагин - увайдӣ ва дуқабатаи зеҳтахтадори бағдодӣ, дар шакли тахтаи борики ба чорчӯба воридшуда сохта мешуданд. Табақаҳои намунаҳои аввал бо рамзҳои офтобӣ, давра, нимдавра, чоряки давра оро дода шудаанд.
Охиринҳо бонақшҳои офтобӣ ва геометрӣ оро дода шудаанд. 2 Асосан, нақш ба унсурҳои геометрӣ асос ёфтааст, ки онро бағдодӣ меноманд, баъзан нақши ислимӣ. Баъзан дарҳои кандакориро дар Ворӯ, бағдодӣ меномиданд, новобаста ба нақшҳои наботот дар ороиши он.
Ҳамин тавр, барои масҷиди деҳа усто Исрофил аз Моғиён дарҳои дуқабатаи кандакорӣ дар солҳои 60-уми асри ХХ сохт, ки сокинони деҳа онро дари бағдодӣ

1Хмельницкий С. Чорку. Хамза Хасти подшо. Древнейшее деревянное здание Средней Азии с резным и скульптурным декором.- Рига, 2002.- С.117, 207, 210.
2 Назилов Д.А. Ук.соч.-С.37.

пешина
аз 50
навбатӣ