ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
низ васеъ истифода мешуд. Талаботи аҳолӣ ба таҷҳизоти рӯзгор аз ҳисоби сохтани ҷувозҳои равғанкашӣ, осиёбҳо ва ғайра вобаста аст.1 Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, одатан, хонаҳои алоҳида, клубҳо барои ҳунармандон вуҷуд надоранд, зеро ҳунармандон каманд. Ҳар як усто якчанд ихтисос дошт, як навъ универсалӣ буд. Вобаста ба ин, дар Болооби Зарафшон иттиҳодияҳои ҳунармандон ва маҳаллаҳои косибон каманд.
Истисно деҳаҳои калон ба монанди Урметан, Рарз, Мадрукашт мебошад.2
Дар баъзе деҳаҳои кӯҳӣ, масалан, дар деҳаи Ворӯ, маросими камарбандон, қисман вуҷуд дошт. Одатан, ин маросим маънои ба итмом расидани мӯҳлати таҳсили шогирдро дошт, ки дар робита бо ин ба ӯ рӯймоли камарбанд мебастанд ва устодаш ба ӯ фотиҳа дода, асбоби кориро тӯҳфа мекард. Ба шарафи устод дастархон ороста мешуд, ки ба он аъзоёнии коргоҳ ва хешовандон даъват карда мешуданд. Дар деҳаҳои калони кӯҳистони Зарафшон ин анъана то имрӯз риоя мешавад. Бисёр ҳунармандони Ворӯ, ки таҳсилро дар дигар деҳаю шаҳрҳои минтақа ба итмом расонида буданд, ин маросими муҳимро дар он ҷо анҷом доданд ва ба зодгоҳашон баргаштаанд. Баъзе ҷанбаҳои маросими камарбандон дар деҳаи Ворӯ гузаронида мешаванд. Дар сатҳи маҳаллӣ, омӯзиши ҳунар аз рӯи низоми устод-шогирд гузаронида мешавад, вале асосан аз бобо ба падар, аз падар ба писар, яъне меросӣ мемонад.
Маросим танҳо бо дуои устод ба итмом мерасад, ки ба шогирд иҷозати иҷрои корро медиҳад.
Унвони деворзан ба устоҳои деворҳои хиштӣ, лойӣ ва сангӣ дода мешуд. Қисми муҳимми корҳои сохтмонӣ аз ҷониби устои чӯбкор, чӯбтарош, дуредгар,кандакор, сангтарош ва дигарон ба анҷом расонида мешаванд.
Бойтарин кандакории чӯбро дарҳои биноҳои истиқоматӣ ва
1 Назилов Д.А. Ук.соч.-С. 27.
2 Назилов Д.А. Ук.соч.-С. 51, 53.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё