МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
яшро бояд эътироф бикунад. Ин ҷо қатори номҳои зиёди хоси тоҷикӣ номҳоеро аз қабили «Port Said», «Мерве», «Абриколь», «Maris Abel», «Кайнак», «Ойдин» ва ғайраву ҳоказо метавон зикр кард, ки дарбеҳи ночаспонеро мемонанд.
Дар давраи шўравӣ ба тақозои расму қолабҳои забони русӣ номҳои дурударози душворталаффузе роиҷ шуда буданд. Масалан, Институти илмӣ-тадқиқотии (ё илмию тадқиқотии) илмҳои педагогиро имрўз чаро Пажўҳишгоҳи илмҳои омўзгорӣ гуфтан мумкин набошад?
Умуман, номи тўлонӣ хилофи номгузории тоҷикист.
Забони мо хусусияти дар матни кўтоҳ гунҷондани маънои зиёдро дорад ва аз он бояд огоҳона истифода кард. Бигирем, касе, ҷуз аз минбарҳои расмӣ, Театри давлатии академии драмаи (на драмавии!) ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри вилоятии мусиқию мазҳакаи (на мусиқӣ-мазҳакаи!) ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намегўяд. Театри Лоҳутӣ, Театри Камол, Театри Айнӣ, Театри ҷавонон гуфтан одат шудааст, чунон ки дар Маскав Театри калон, Театри хурд, Театри «Современник», Театри Пушкин, Театри Маяковский, Театри Ленком, Театри Вахтангов… мегўянд. Ва ин, ба гумони мо, хеле табиӣ, кўтоҳу қулай ва дар айни замон пургунҷоишу пурмаъност. Воқеан, театр, чун шеър, чун мусиқӣ, чун суруд ва дигар ҳунарҳо ё ҳаст ё нест ва ба он ҳазор номҳои «давлатӣ», «хидматнишондода», «академӣ», «миллӣ»…
бидиҳем, ки агар набошад, нест ва ин унвонҳо онро аз нестӣ раҳонда наметавонанд. Имрўз Театри «Аҳорун» ва ё Дастаи «Дарё» гуфтан кофист, ки дар дили шунаванда эҳсоси ҳунару зебоӣ ғалаён бикунад.
Дар бораи донишгоҳу донишкадаҳо низ фикри банда ҳамин аст. Чунон ки донишгоҳ ном мондани донишкадаҳои фаровон донишу салоҳияташонро наафзуд, ба онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё