Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

додани унвонҳои тўлонӣ ҳам худ ба худ эътиборашонро зиёд намекунад. Аз ин рў, бо кўтоҳу фаҳмо Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омўзгорӣ (агар Донишгоҳи Саъдӣ мешуд, хубтар буд, чунки куҷост бузургтару барҷастатар аз ў омўзгоре!), Донишгоҳи тиббӣ (Донишгоҳи Сино бигўем, беҳтар!), Донишгоҳи техникӣ (Донишгоҳи Осимӣ бигўем, беҳтар!) гуфтан иктифо карда, ба ҳунару малакаи шогирдон бештар диққат бидиҳем, хубтар аст.
Барои даҳҳо вазорату идораҳои дигар ҳам метавон тоҷикона кўтоҳу пурмаъно ном пешниҳод намуд ва дар ҳамин радиф боз мешавад паҳлуҳои зиёди масъалаи номгузориро зикр кард. Вале дар ҳар ҳол хулоса ягона хоҳад буд: бояд идораи босалоҳияте (вазорат ё кумитаи давлатӣ) бошад, ки масъулияти ин масъаларо пурра бар дўш бигирад, дар ин самт омўзишу тадқиқот бикунад ва зимни он ба қарорҳои оқилонаи ҳатмӣ расида, ному номгузории пурмаънӣ, табиӣ ва зебои миллиро ба ҳукми қонун бидарорад.

1999

пешина
аз 323
навбатӣ