МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
И.С.Брагинский, Ян Рипка, Иржи Бечка ва бисёр дигарон дар Тоҷикистон тангкўчае нест, ҳарчанд ки кўчаву хиёбонҳоямон ҳанўз номҳои носазовор зиёд доранд.
Хушбахтона, номҳои ноби тоҷикӣ ҳусни пойтахти кишварро торафт бештар мекунанд. Вале ҳанўз ҳам оид ба мавриди номгузорӣ, эътибори соҳиби ном ва тарзи баёни он андешидан бефоида нест. Солҳои зиёдест, ки дар Душанбе ду кўча Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ном доранд. Лекин дар навиштаҷот «Кўчаи С.Шерозӣ» ва «Кўчаи Ҳ.Шерозӣ»
сабт мешаванду аз радиою телевизион «кўчаи Шерозӣ»
мешунавем. Беҳтар нест, ки кўтоҳу фаҳмову зебо «Кўчаи Ҳофиз», «Кўчаи Саъдӣ» бигўем?
Ё худ, кўчаи Федини пойтахт маъруф аст. Маълум, ки дар русӣ он «улица Федина» мешавад, вале радиову телевизионҳо аз ноогоҳӣ дар рекламаҳояшон «кўчаи Федина»
гуфта гаштаанд ва ин ба хосу ом низ бетаъсир намондааст.
Гуфтем, ки Фединро на ҳама мешиносад, лекин «кўчаи Ғафурова» гуфтан таҳқири ношунидании рўҳи поки муаллифи «Тоҷикон»-и безавол аст! Дар мавриди кўчаи Парвин (кадом Парвин? Кош Парвини Эътисомӣ бошад!) низ ҳамин ҳол рух додааст – натанҳо «улица Парвина», балки фаровон «кўчаи Парвина» ҳам мегўянд! Роҳи ислоҳи чунин хатоҳо он аст, ки дар сари кўчаҳо лавҳаҳое бо ҳолномаи кўтоҳи шахсиятҳо бигузорем. Масалан: «Константин Федин – нависандаи маъруфи рус. Солҳои зиёд раиси Иттифоқи нависандагони СССР буд».
Номҳои нохушоянди дукону мағозаҳо, бахусус дар маркази шаҳр, табъи касро хира мекунад. Чанд бор оид ба ин масъала дар доираҳои гуногун гуфтугў ҳам шуд, вале хулоса ин аст, ки «дукону мағозаҳо хусусианд, мо маҷбур карда наметавонем, ки фалон номро бимон, беш аз ин, акнун тағйири ном харҷи зиёд металабад…». Оре, дукону мағоза аз ину он шахс аст, лекин дар ҳудуди шаҳр аст, шаҳр аз мардум аст ва дукондору мағозадор, ба табъу завқи ў расидагиву эҳтиром надошта бошад ҳам, қонунҳо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё