МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ғаразноке рафта, номҳои ҳазоронсоларо вайрон мехонему менависем.
Аслан номи шахсро, ҷуз дар мавридҳои махсусе, ки робитаи беҳади ногусастанӣ дошта бошад, ба маҳале ё чизе мондан қобили қабул набудааст. Воқеияти даҳ соли охири кишварамон собит кард, ки бо раъйу хости чанд кас номеро «абадӣ» намудан имконнопазир аст. Ба ҷойи ин асолати фарҳангӣ, расму оин, касбу кор, табиату шароити таърихиву ҷуғрофиро ба назар гирифтан мебояд. Дар ин доира ба номи бузургоне, чун Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Ҳамадонӣ мондани колхозҳо, ҳарчанд худ пешсафу раисонашон шоирдўст ҳам бошанд, қобили қабул наменамояд. Номи ин гуна воҳидҳои истеҳсолот бояд мувофиқи вазифаву амалашон заминӣ, воқеӣ ва асоснок бошанд. Масалан, «Себзор», «Бодом» (ҳарчанд себу бодом ҳам истеҳсол накунанд), «Заркор», «Гулистон»…
Вале ҳайҳот… Ҳамагон ёд доранд, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон колхози Ислом Каримов пайдо шуд. Чаро? Чӣ робитаву хидмате ба ин диёр (ё мушаххас ба он колхоз) дошт ў? Ба хотири он ки роҳбари давлати ҳамсоя аст? Ё бинобар он ки қисме аз аҳолии колхоз ўзбаканд? Аз рўйи ин мантиқ имрўз чандсад амрикоиву фаронсавӣ – ҳарбиёни иҷорашин ҳам талаб карда метавонанд, ки фурудгоҳҳои Кўлобу Душанбе ба номҳои Ҷорҷ Бушу Франсуа Миттеран монда шаванд!
Чунон ки аксаран рух медиҳад, дар мавриди ашхоси марбут ва хидматнишондодаи фарҳанги тоҷик кор баракс аст. То ҳол ба номи Чичерин (вазири корҳои хориҷии Русияи шўравӣ, ки ҳамон замон ба тоҷикон таваҷҷуҳи асоснок ва солиму созандае дошт), Абдуқодир Муҳиддинов (раиси ҳукумати Бухоро, муаллифи як силсила мақолаҳо, аз ҷумла «Мардуми атрофи Бухоро тоҷиканд ё ўзбак»), Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи Ҷумҳурии Бухоро, муаллифи мақолаи мондагори «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он»), В.В.Бартолд, Е.Э.Бертелс,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё