МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
мегузоштем? Масалан, ба ноҳияҳои Ленин, Фрунзе, Октябр, Москва, Совет?
Ҳангоми барқарор кардани номҳои таърихӣ мебояд азамату тавсияи онҳоро ба назар бигирем. Масалан, Суғду Бохтар давлатҳои машҳур буданд, имрўз яке барҳақ номи вилояти бузурге шуд, вале дувумиро, ки низ сазовори номи як вилоят аст, дар доираи як ноҳия маҳдуд кардем. Бо ҳамин андеша номи қадимаи ноҳияи Ғармро барҷо гузоштану водиро Рашт номгузорӣ кардан истифодаву эътибори ин калимаи қадимаи тоҷикиро меафзуд.
Инсон, новобаста аз мансубияти миллӣ, зебоипараст аст. Бинобар ин, табиист ва бояд мавриди ифтихор ҳам бошад, ки имрўз халқҳои ҳамсоя, бахусус бародарони ўзбак, ҳарчанд ки зикру эътирофи аслашро фаромўш мекунанд, номҳои зиёди хоси тоҷикиро пазируфта истодаанд ва ба ин восита бешак ҳусни ашхосу диёрашонро меафзоянд. Мутаассифона, худи мо дар ин маврид карахтем ва ҳанўз дар паҳлуи ҳар Шўрчаамон як Ўзбак-Шўрча дорему дар бари ҳар Лангарамон як Ўзбак-Лангар. Ин карахтӣ ба ҳадест, ки сиёсати як замон (ва ҳоло ҳам!) роиҷи турксозиву Туркистонсозиро гоҳе аз ёд мебарем. Сивучанд сол пеш бар асари офати табиӣ деҳаи Пехои шаҳри Норак вайрон шуд ва мардуми онро дар кўчаи навбунёде макон дода, онро… Туркистон номиданд. Оё аҳли деҳа турк буд? Не.
Кўчаро туркҳо сохтанд? Не. Пас чаро Туркистон? Чаро Пехо не, ки бешак вожаи қадимаи тоҷикист? Касе намедонад. Шояд ин ҳол аз беаҳамиятиву бедиққатӣ рух дод. Ё шояд пантуркисте, ки Туркистон номидани тамоми Тоҷикистон аз дасташ намеомад, бо ин кори дар назари мо кўчак ормонашро амалӣ кард? Хушбахтона, ҳоло ин ном аз байн рафтааст, вале ҷойи дареғ аст, ки номи қадимаи Пехо батадриҷ фаромўш мешавад.
Ҳоҷат ба баён нест, ки Шаҳритўз (шаҳри намак!) не, Шаҳритўс (Шаҳри Тўс), Қабодиён не, Қубодиён (авлоди Қубод) аст, вале аз пайи фаҳмиши авом ё маънидоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё