МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Фасли тирамоҳ буду хазонрез ҳукм меронд. Дафтари мактабии «шеърҳоям» зери каш, тарсидаву ларзида назди мушовири назм Лоиқ Шералӣ омадаву он касро наёфта, бо маслиҳати Ҳабибулло Файзулло, ки кадом журнале дар даст дар кабинети кушода рўйи дивани куҳансохти фарсуда менишастанд («Ба ман ваъда кардааст, ҳозир меояд, биист, ки дигар боз кай меёбиаш?..»), дар даромадгоҳи бинои якошёнаи Иттифоқи нависандагон интизорашон будам.
Ногоҳ мошине омада, аз ҷўйи канори роҳ он сў истод ва шофираш, чолокона ин тараф гузашта, дарро кушод. Аз мошин устод Турсунзода берун омада, аз гузаргоҳча қадамзанон сўйи коргоҳашон равон шуданд. Акаи Сайфулло – ронандаи деринашон (ки баъдтар шофири муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ибод Файзулло шуданду бо мошинашон ба бисёр гўшаҳои ҷумҳурӣ сафарҳо кардем) аз пас меомаданд. Ногоҳ он кас чолоктар шуданд ва, ба устод расида, узромез ва бо эҳтиёт барги хазонеро аз сари китфашон бардоштанд. Устод Турсунзода, ки ин дам ба бино наздик шуда буданд ва тарҳи рўяшон равшан менамуду суханҳояшон дақиқ ба гўш мерасид, лаҳзае истоданд, табассуми зебо, вале дардолуде чеҳраашонро фаро гирифт, маҳзун ба барги хазон нигаристанд ва гўё ба шофирашон, дар асл беунвон гуфтанд: «Заҳмат накашед, мулло Сайфулло, фасли гулборонамон гузашта рафт, ба сарамон ҳамин хазон мерезад дигар…». Чунон самимиву муассир гуфтанд, ки дили ман такон хўрд, гўё шеъри таъсирбахшу дилрасе хонда бошанд… Баъд, ҳамон табассуми зебову дардолуди ошно бар андом, ҷониби даромадгоҳ равон шуданд ва бо камина низ, ки дасту по хўрдаву мафтуну мабҳут ин манзараи аҷиби ногаҳониро мушоҳида мекард, даст дода, салом карданду ҳамчунон табассумкунон вориди бино шуданд…
Вақте ки ба хобгоҳ баргашта, бо ҳаяҷон ин рухдодро ба ҳамсабақонам нақл кардам, Неъмати шўху ширинсухан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё