Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Инак, толор пур ва хомўшӣ ҳукмфармо шуд ва ҳамагон дидем, ки дар ҳалқаи як гурўҳ роҳбарони ҳизбу адабиёт устод Турсунзода меоянд, ҳамчунон зебову солору муҳташам меоянд…
Он рўз оид ба адабиёт, асарҳои мушаххас, мақому мавқеи адибон дар ҷомеа суҳбате сурат гирифт, ки ба солҳои таҳсил дар донишгоҳ баробараш кардан мумкин буд. Лоиқ Шералӣ он рўз арзандаи хеш – зебову мармуз оид ба «ду гули адабиётамон» – Гулрухсору Гулназар суҳбат карданд; Бозор Собир, андешидаву шармида, лекин бисёр аниқу дақиқ дар бораи шеър ҳарф заданду ҷасурона мисолҳои нишонраси шеъру ношеър оварданд; Сорбон, муаллифи асарҳои хонданӣ, аз ҷумла ҳикояи воқеии ба мо, донишҷўён қарини «Панҷ сол», бо Соҳиб Табаров, ки норозӣ аз беғоягии баъзе асарҳои адибони ҷавон бисёр оташин сухан ронданд, аз байни толор баҳс оғоз намуда, ба мо сабақи мубоҳисаи адабӣ доданд; намояндаи СеКа хотиррасон кард, ки адабиёт адаб аст ва адибон бояд аввал худ адабро риоя кунанд, то ки ба мардум дарси адаб дода битавонанд…
Ва дар охир устод Турсунзода, ки мегуфтанд нотобанд, бо виқори зебандаву салобати модарзод ва амиқандешиву дақиқбаёнии хеш мавзўи баҳси пленумро ҷамъбаст намуданд. Як нуктаи суханрониашон дар ёдам ҳаст, ки дар мавриди ҷавонони эҷодкор муносибати шахсиро ба ҳар нафар тақозо карданд.
Ҳақ буданд муаллими сахтгапу сахтгирамон Соҳиб Табаров: он рўз дарси беназири адабиёти мо, ҷавононе буд, ки баъзе ошкору густохона ва баъзе тарсидаву пинҳонӣ, вале ҳама яксон, «сафедии кафанро дидаву аз азоби гўр бехабар», орзуи қаламу коғаз мекардем…
Мутаассифона, насли мо ба суҳбати бевоситаи устод Турсунзода мушарраф нашудааст. Лекин бандаро баъдан, як сол пеш аз вафоташон, бори дигар шахси устодро, хеле кўтоҳ бошад ҳам, дидан ва садои дилнишинашонро шунидан муяссар гардид.

пешина
аз 323
навбатӣ