МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
бу бешуморе медонистанд ва бо маҳорату санъати тамом нақл карда, моро батадриҷ ба он муҳиту доира ошно менамуданд. Боре эълон карданд, ки оид ба қарори кумитаи марказии ҳизб дар бораи дастгирии ҷавонони эҷодкор дар маҳфилгоҳ (ба ибораи он рўзҳо – лектория)-и ҷамъияти «Дониш», рў ба рўйи бинои (куҳнаи) Иттифоқи нависандагон (кўчаи Орҷоникидзе (ҳоло Бохтар), 12), пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо мешавад ва дарси ояндаи адабиётамон дар ҳамон ҷо мегузарад. Каме пештар омада, дар ҷойҳои гуфтаашон нишастем ва лолу мабҳут медидем, ки чӣ хел адибони дўстдоштаамон ҷуфту танҳо, хомўш ё суҳбаткунон, ҷиддӣ ва ё хандону шўхикунон вориди толор мешаванд. Бо дидани ҳар яки онҳо диламон беихтиёр такони фораме мехўрду вуҷудамонро ҳиссиёти гуворои пайванд бо чизе бузургу муқаддасу осмонӣ фаро мегирифт…
Ана, Ғаффор Мирзо, танҳову андешаманд омада, ба курсие нишастанд; ана, Абдумалик Баҳорӣ, ба маънои томаш адиб: шоир, нависанда, драмнавис, публитсист, асосгузори фантастикаи тоҷикӣ, вориди толор шуданд, ҷониби чанд кас сар ҷунбонда, гўшаеро ихтиёр карданд; ана, Фотеҳ Ниёзӣ, дар ҳалқаи чанд нафар баланд-баланд гап задаву хандида омаданд; Мастон Шералии ҳанўз ҷавон, вале аллакай сарсафед лоқайду саросема дар охири толор ҷо гирифтанд ва баъд, ҳамчунон тунду пуршўр, пештар рафта нишастанд; Лоиқу Гулрухсор – кумирҳои мо, донишҷўён, расиданд, ба ҳам чизе гуфта, шояд шеъре хонда ё лутфе карда, ҷавононаю шоирона хандиданд; Бозор Собир – ашрофзодаи доираи адабӣ, ки чанде пеш бо китоби навашон ҳамаро волаву шайдо карда буданд, вораставу озод ва хушлибосу хушандом, бафурсат толорро аз назар гузаронданду ҷоеро ихтиёр намуданд; Гулназар, Гулназари ҳанўз сарсабз, тамоман сарсабз – шиму кастуми мўди велвети сабз дар бар бо чанд шоири ҳамсолашон расиданд, касе гуфт, ки нав аз Афғонистон баргашта ё рухсатӣ омадаанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё