МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
садо мавҷзанон боло мерафту поин, рост мерафту чап ва баробари он кафкўбиҳо ҳам пурмавҷтару бардавомтар мешуд. Ин ҳол то дар саҳна ҷойгир шудани он мардони бузург давом кард.
Зиёд буданд он бузургмардон. Шояд чил сол ҳам гузашта бошад аз он даврон ва, мутаассифона, баъзеашон дақиқ дар ёд намондаанд, лекин як чиз аниқ дар хотирам нақш бастааст, ки ҳама барои мо, китобхону китобдўстон, шинос, бузург, муҳташам, муътабар, азиз, воқеан азиз буданд… Чанд соат бисёр ҷолибу дилҷў суҳбат карданду шеър хонданд, дар хотирам нест, лекин чеҳраҳои гарму рўшанашон то ҳол дар пеши чашмам ҷилвагар аст. Мирзо Турсунзода, ки дар пиндори мо як марди афсонавии осмонӣ буданд, бисёр одиву табиӣ суҳбат мекарданд, дилрас шеър мехонданд, барҷову зебо сухан дода, ҳамқаламони бузургашонро хеле дақиқ муаррифӣ менамуданд ва бо гуфтору рафтори табиии заминӣ, тамоман заминиашон ҳамаро моту ҳайрон мекарданд. Ташнагиву хумореро, ки аҳли толор аз дидори он шоири озодаву ҳамроҳони ғайриодиашон дошт, шояд бо хумору ташнагии ҳазрати Яъқуб аз дидори Юсуфи дилбанду дилписанд монанд кардан муболиға набошад…
Баъд аз мулоқот эшон як-як аз толор берун мешуданду садоҳои хушҳолонаву ифтихоромез то дер дар фазои толор мавҷ мезад: «Фотеҳ!» «Қайсин!», «Баруздин!», «Кугултинов!», «Боқӣ!», «Қаноат!» ва пурмавҷтару пуршўртар – «Турсунзода!», «Турсунзода-а!», «Турсунзода-а-а!». Ин шахсиятҳои ба ҷону дилҳо қарин дар ин чанд соат бештар аниси мардуми китобхони Норак шуда буданд ва ҳамагон дигар онҳоро ҳамин хел одиву самимӣ, чун азизони худ, ном мегирифтанд.
Солҳои донишҷўйӣ дар бораи адибони муосир, осорашон, ҳаёти шахсиашон, муносибатҳои эҷодиву инсониашон бештар дар дарсҳои муаллим Соҳиб Табаров мешунидем.
Он кас дар бораи адибони маъруфу машҳур ҷузъиёти ҷоли-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё