Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

нори советӣ, намояндагони панҷоҳ миллат месохтанд Норакро ва ҳар ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, деҳу деҳкада, ташкилоту муассиса, балки ҳар як нафар мекўшид, ки дар бунёди он саҳми дастраси хешро бигузорад. Аз ҷумла, Иттифоқҳои нависандагони СССР-у Тоҷикистон, ба қавли он солҳо, бунёдкорони ГЭС-и овозадори Норакро «ба шефӣ»
гирифта буданд. Ягон газетаву журнали адабӣ набуд, ки ин номҳо зикр ва созандагонашон таърифу тавсиф нашаванд. Адибон барои ошноиву омўзиши мавзўъ ва характерҳо зуд-зуд ба Норак меомаданд ва ҳар дафъа ҳатман бо адабиётдўстон вомехўрданд, маҳфилҳои адабӣ баргузор мекарданд. Бунёдкорони Норак барои беҳтарин асарҳои адибони советӣ дар бораи синфи коргар мукофоти махсус ҳам таъсис дода буданд. Батадриҷ аз асарҳои машҳуру оламшумуле, ки бузургтарин шахсиятҳо ба китобхонаи шаҳр туҳфа мекарданд, китобхонаи беназири соядастҳо ташаккул ёфт. Китобхонае, ки ҳазорон адад китоби нодир дорад ва муҷассамаи бузурги қаробату ҳамкории ҳаёту адабиёт аст.
Боре омўзгорони мазкурамон гуфтанд, ки дар ҷумҳуриамон Рўзҳои адабиёти советӣ барпо мешавад ва адибони номдори мамлакат ба Тоҷикистон, аз ҷумла ба Норак, меоянд. Дар рўзи таъйиншуда дар «Хонаи маданият»-и шаҳр «сўзан мепартофтӣ, рост меистод». Толори гуногунмиллат беқаророна ташрифи меҳмонҳои олиқадрро интизорӣ мекашид. Ногоҳ муаллим Меъроҷ Юсуф, ки дар наздикии мо буданд, бо ҳаяҷони самимӣ гуфтанд: «Фотеҳ, Фотеҳ Ниёзӣ!». Ҳама, ба сўе, ки он кас мафтунона менигаристанд, гашта, марди зебои сарсафеду хандонсимоеро дидем, ки сўйи саҳна мерафт. Баъд аз ҳар сў пичир-пичирҳо ба гўш расидан гирифтанд: «Қайсин Қулиев!», «Сергей Баруздин!», «Давид Кугултинов!», «Боқӣ Раҳимзода!», «Муъмин Қаноат!» ва… ногоҳ толор саршор аз пичирпичирҳои шодонатару мафтунонатар шуд: «Мирзо Турсунзода!», «Мирзо Турсунзода!», «Мирзо Турсунзода!». Ин

пешина
аз 323
навбатӣ