МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
афзуданд: – Дар ин кор, албатта, шумо, хонандаҳои азизам, тамоми ҳамшаҳриҳоям – норакиҳои номдор ёриам медиҳед, ҳамин тавр не?».
…Меҳмонро гусел мекардему дар дил ҳасад мебурдем, ки чӣ марди хушбахте – бо устод Мирзо Турсунзода ҳамкору ҳамкасбанд ва бо супориши бевоситаашон китоб менависанд! Ин суҳбат бархурди дуюми банда буд бо ному мақоми баланду бегазанди устод Турсунзода ва бештар мафтуни кору корномаи он бузургмардам намуд.
Устод, ҳам ба сифати адиби фаъоли иҷтимоӣ ва ҳам ба ҳайси сарвари адибони ҷумҳурӣ, бо Норак зич марбут буданд. Ҳанўз аз оғози сохтмон ба ин шаҳру неругоҳи оянда робитаи доимиву равуо доштанд. Ва, ба гумонам, яке аз аввалинҳо шуда, ҳамроҳи устод Боқӣ Раҳимзода манзумае ҳам навишта буданд бо номи «Роҳи нору нур». Натанҳо худ меомаданд, меомўхтанд, бо бинокорон вомехўрданд, балки мунтазам сафарҳои эҷодии шоирону нависандагони Тоҷикистону Иттифоқи Советиро ташкил мекарданд, рўзномаву маҷаллаҳои адабии тамоми мамлакати беканори шўравиро ба инъикоси ҳаёту фаъолияти бунёдкорони шаҳр ва сарбанди баландтарини ҷаҳону неругоҳи беназири барқ ҷалб мекарданд.
Яке аз сафарҳои муштаракашонро мо, мактабхонҳои онвақта ҳам, шоҳид будем. Намедонам, кадом сол буд ва дар синфи чанд мехондем, лекин, аҷиб, ки фазову манзара ва чеҳраҳо равшан дар ёдам мондаанд.
Омўзгорони хуби адабиёт доштем мо: Абду Камол, ки зикрашон рафт, Бегим Назарова, Меъроҷ Юсуф ва бародари бузурги банда – Айём Қосим натанҳо батадриҷ ва моҳиронаву соҳирона ба дунёи рангину мармузи китобу образҳо воридамон мекарданд, балки мекўшиданд, ки аз ягон маросиму маъракаи ба адабиёт алоқаманд дур намонем.
Солҳои мактабхонии насли мо ба авҷи шуҳрати Нораку ГЭС-и овозадораш рост омад. Тамоми мамлакати бека-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё