Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

тобҳо хондагистед, ки дар он айём ба сари ҳар кас ҳамагӣ чандграмӣ нон рост меомад ва аз гуруснагӣ ҳалокшудагон шояд аз қурбониёни бевоситаи ҷанг камтар набошанд…».
Нависанда, шояд эҳсос намуданд, ки мавзўи ҷангу гуруснагиву қурбониён суҳбатро вазнин ва бачаҳоро зиқ мекунад, бо табассум пурсиданд: «Кӣ дар бораи нон шеър медонад?» Чанд нафар хонданд, аз ҷумла касе «Нонреза»-ро аз ёд гуфт:

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида, мемолам ба чашм,
Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хўшачину боғбанду дос дар бар будаам…

«Шеъри устоди бузурги адабиётамон Мирзо Турсунзода… – қаноатмандона гуфтанд муаллимамон. – Чунин шеърро танҳо шоире гуфта метавонад, ки аз байни мардуми одии заҳматкаш баромада бошад, заҳмат кашидаву хўша чида бошад, азоби бенонӣ дидаву бо шукр нонрезаҳоро ба чашм молида бошад! Шоире ин хел навишта метавонад, ки бо тамоми ҳастӣ қадри нону офарандаи он – деҳқонро бидонад!».
Баъд боз Муҳиддин Хоҷаев, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, дар бораи Иттифоқи нависандагон, ҳамкасбонашон, заҳмати қаламкашӣ, сарвари адибон – устод Турсунзода ва бузургиву хоксориҳояшон нақл карданд ва афзуданд: «Устод Турсунзода Норак ва бунёдкорони ҷонфидояшро бисёр дўст медоранд, зуд-зуд ба ин ҷо меоянд ва аҳли қаламро тарғиб мекунанд, ки дар ин мавзўъ шеъру мақола, очерку ҳикояҳо бинависанд. Барои ман ҳам боиси ифтихор аст, ки чунин шоири забардаст ва инсони бузург ба Норак, ба ин сохтмони беназири аср фиристодаву супориши асар навиштанам додаанд. Вақту қувваамро дареғ надошта, ҷиддӣ меомўзам ва мекўшам, ки асари сазовори боварии устод биофарам…
– ва, аз рўйи одат, боз лаҳзае таваққуф намуда, шўхиомез

пешина
аз 323
навбатӣ