МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
сиданд табассумкунон. Касе посух надод. «Хокистари сўзон»-ро надидаед?» – боз суол карданд. Ҳамон вақт ин кино нав пайдо ва зуд машҳур шуда буд. «Дидаем!», «Дидаем!» – аз ҳар сў овоз баланд карданд ҳамсинфон. «Сенарияи ҳамон филмро ана ҳамин кас – Муҳиддин Хоҷаев навиштаанд! – муаллим оҳи сабук кашиданд, ки барои идомаи суҳбат ақаллан риштаи наҳифи пайванде пайдо карданд. – Акнун ин кас дар шаҳри мо кор мекунанд, мехоҳанд дар бораи бунёдкорони ГЭС китобе бинависанд…».
Баъд Муҳиддин Хоҷаев дар бораи бачагии душвор, таҳсил ва корҳои эҷодиашон нақл карда, дар омади гап гуфтанд: «Маро ба Норак устод Турсунзода фиристоданд, супориш доданд, ки ҳаёти синфи коргарро омўхта, асари ҳаққоние эҷод кунам. Барои ҳамин ба бригадаи бетончиҳо ба кор даромадаам ва алҳол дар асл кӣ буданамро касе намедонад… – Каме таваққуф карда, идома доданд: – Инро танҳо ба шумо гуфтам, боз сиррамро фош накунед!».
Мо аз ин хел қарин ва одиву самимӣ гап задани нависандае, ки чанд китобу кино дорад, ҳайрон шуда, табассум кардем. Китобхонтарини синфамон Бобоқул, ки аз боҷуръаттаринҳо ҳам буд, нимшўхиву нимҷиддӣ гуфт:
«Мо – пионер, сирри даркориро фош намекунем…». Аввал меҳмону муаллим, баъд ҳама аҳли синф хандиданд…
Кадоме аз ҳамсояҳои мактаб дастархону чой овард ва ҳамоно бўйи ҷонбахшу тавонбахши нони гарм хонаро пур кард. Муаллим Абду Камол нон шикаста, чой гардонданд.
Меҳмон бурдае нон ба даҳон бурданӣ шуданд, вале ҳамоно, чизе ба ёдашон омад, ки даст боздошта, ба дастархон ишора карданд: «Шумо ҳам гиред, бачаҳо, нони сарҷамъӣ ширин мешавад…». Албатта, касе аз мо ҷуръати даст сўйи дастархон бурдан накард, лекин хоксорию самимияти адиб боз як риштаи пайванд шуд байни ўву шунавандагонаш.
«Шукр, ки имрўз нон фаровон аст ва шумо, бачаҳои азиз, чӣ будани бенониро намедонед. Вале барои мо, бачаҳои солҳои ҷанг, нон бо нархи ҷон баробар буд. Аз ки-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё