МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Зи теғи золими ҳукми Умархон
Дили ҳар нозанинро чок дидам.
Умархон шоираро ба зиндон мепартояд ва гўё яке аз муқаррабонаш, ки ҳамшаҳри Дилшод будааст, ўро озод мекунад. Фармони ҳокиме чун Умархонро ба ин содагӣ шикастан сохта менамояд. Эҳтимоли ҳақнамо он аст, ки ҳокимшоир ҳангоми дилнармӣ худ озодаш карда бошад.
Аз ин чанд андешаи ҷамъу парешон хулосаи муштараке бармеояд, ки дар таърихи адабиёти тоҷику форс пайваста шоираҳои ҳунарманде табъозмоӣ кардаанд, вале, бино бар сабабҳои зиёд, аз ҷумла мақому мавқеи зан дар ҷомеа ва тафаккурҳо, тавсифи ҳаёту эҷодиёташон камтар воқеъ шудааст. Яъне, ин сафҳаҳои пурнаво ва ҳамзамон пурмуаммо мунтазири ақлҳову завқҳои рамзкушои муҳаққиқони оянда буданду ҳастанд.
2004, 2012–2013
Меҳру сеҳри шеър
«ШЕЪРҲО БУРДАНД ЎРО
ДУРТАР – ТО ҶОВИДОН…»1
Вақте ки дар бораи устод Турсунзода меандешам, беихтиёр мисраъҳои воқеии устод Бозор Собир ба ёд мерасад, ки «Шеъри ўро дўш дар гаҳвора азбар кардаем» ва «Шеъри ўро нўши ҷон бо шири модар кардаем». Дарвоқеъ, чандин насли миллат, аз ҷумла насли мо, гўё бо шунидану ҳифзи ин ному осори муҳташаму муътабару муборак по ба роҳи зиндагӣ ниҳодааст.
Аввалҳо ин ному осорро аз забони акаву апаи мактабхону китобдўстам мешунидам. Баъдтар дар хонаамон сеҷилдаи устод пайдо шуд ва аҷаб хосияте дошт ашъори он, ки бо як-ду бор хондан азбар мегашт. Ман, чун бисёр ҳамсолу ҳамболонам, ғайр аз ашъори бисёр «Ҷони ширин»-ро ҳам аз ёд медонистам ва шахсан на қаблану на баъдтар достони дигареро он хел табиӣ ва комилан аз ёд карда натавонистаам. Воситаи дигари ҳифзи ашъори баландпояи устод Турсунзода сурудҳои дилрасу зебои Ҷўрабек Мурод буданд, ки бисёрашро бо оҳангҳои муносибу мутаносибашон аз ёд карда будам ва то ҳол мўниси роҳу танҳоиҳои мананд.
Дар он замон Иттифоқи нависандагон, адибон, мулоқотҳои адабӣ, ҳар асару китоби бадеӣ, хуллас, ҳама рухдодҳои ба адабиёт марбут бўйи устод Турсунзода доштанду ёде аз ў медоданд. Аз ҷумла, дар Норак бисёр медидем адибони тоҷику дигар ҷумҳуриҳои шўравиро ва, аз чӣ бошад, ки ҳамоно ва беихтиёр устод Турсунзодаро ёд мекардем.
Рамзи адабиёту адибон, дар доираи васеътар шояд тимсоли тоҷику Тоҷикистон шуда буд ин ном!
Боре муаллими адабиётамон Абду Камол бо марди ношиносе ба синф даромаданд. «Ин касро шинохтед?» – пур-
Дар асоси як суҳбати радиоӣ таҳия шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё