МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
- Иффатӣ
Дар тавсифи ин шоираи хуросонӣ зиёд гуфтаанд, вале дар бораи рўзгору осораш маълумоти дақиқе нест.
Дар тазкираи «Бистусе адиба» ду қитъааш дарҷ шудааст, ки якеро чун далели бебаҳси ҳунари шоириаш меоварем:
Эй боғи лолазор, гулистони кистӣ?
Бо ёди рўю зулфи парешони кистӣ?
З-ин гуна сабзу сурх, ки пўшидаӣ қабо,
Ҷон дар ҳавои сабзаву райҳони кистӣ?
- Дилшоди Барно
Бино бар маълумоти академик Мухторов дар рисолаи «Дилшоди Барно ва мавқеи ў дар таърихи тафаккури ҷамъиятии халқи тоҷик дар асри Х1Х аввали асри ХХ» (ба забони русӣ, Д., 1969) соли 1800 дар шаҳри Ўротеппа таваллуд шудааст. Шонздаҳсола буд, ки амири Хуқанд Умархон ба зодгоҳаш ҳуҷум карда, 400 нафарро қатл ва
13 000 нафарро асир намуд ва бо қувваи онҳо Шаҳрихонро асос гузошт. Ин ҳамаро Дилшоди Барно дар асараш «Таърихи муҳоҷирон» ба қалам додааст.
Дилшод шахси босаводу огоҳ будааст ва, мактабдорӣ карда, духтаронро савод меомўхтааст.
Ҷасораташро низ зикр кардаанд. Аз ҷумла, боре Умархон анорхўрон ўро фармудааст, ки дар бораи ин мева шеър бигўяд. Дилшод гуфтааст:
Дар ин дун гунбази афлок дидам,
Дарунаш пур ҳама ғамнок дидам.
Ба рўшон аз ҳарире парда доранд,
Ба дил хун, дидаҳо намнок дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё