Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Даври даҳони танги ту орази анбаринхатат
Ғунча ба ғунча, гул ба гул, лола ба лола, бў ба бў

Бо дили хеш Тоҳира гашт, надида ҷуз туро,
Сафҳа ба сафҳа, ло ба ло, парда ба парда, тў ба тў.

Вале дар борааш маълумоти кофӣ мавҷуд нест.
Ҳаминро медонем, ки дар Насаф ба дунё омада, бино бар маърифатнокию босаводӣ, атфолро сабақ медодааст, сафари Бухорову Фарғона карда, дар Тирмиз зиндагиро падруд гуфтааст.

  1. Ойиша

Ҳоҷӣ Лутфалибеки Озар дар «Тазкираи оташкада»
шоираро аҳли Самарқанд гуфтааст. Мутаассифона,
маълумоти дигаре дар бораи ҳаёту эҷодаш мавҷуд нест.
Ин ду рубоӣ, ки аз латофату зарофат ва ҳунари шоирашон дарак медиҳанд, ба номи Ойиша оварда шудаанд:

Ашке, ки зи чашми ман ба рў ғалтидаст,
Дар гўш кашидаӣ, ки марворид аст;
Аз гўш бурун ор, ки бадномии туст,
К-онро ба рухам тамоми олам дидаст!

Бо ман чу шаби васли ту бикшояд роз,
Ногоҳ ҳам аз шом кунад субҳ оғоз,
Бо ин ҳама, гар иваз кунандам, надиҳам
Кўтоҳшабе аз он ба сад умри дароз!

Вале камина итминон дорад, ки рубоии аввал моли шоира не, моли шоир аст. Агар аз шоира бошад, бо лутф ба дугона ва ё ғуломи маҳбуби ҳалқабаргўшаш гуфтааст!

пешина
аз 323
навбатӣ