Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Шеъри мавзуни ту бар самъи сухансанҷон расид,
Нашъаи ў дар димоғи шишаву паймона рафт.

Бар хаёлат офарин, санҷида то гуфтӣ сухан,
Ҳар касе бишнид, аз худ бехуду мастона рафт.

Гавҳари назме, ки дар таърихи воло суфтаӣ,
Зевари гўши хирад чун гавҳари якдона рафт.

Баъд чандин дафтар аз шеърат ба маҷлисхона шуд,
Офарин бар номи ту, аз хеш то бегона рафт.

Аз шунидан гўши ҷон пургавҳари шаҳвор шуд,
Лоҷарам, таҳсини гуфторат ба ҳар кошона рафт.

Ин сухан машҳур шуд аз Қоф то Қофи ҷаҳон,
Ҳар куҷо базми маҷолис буд, ин афсона рафт.

  1. Тоҳира

Ин ғазалаш, ки далели завқи гўёст, бисёр машҳур ва чун суруд ҳам вирди забони мардум аст:

Гар ба ту афтадам назар чеҳра ба чеҳра, рў ба рў,
Шарҳ диҳам ғами туро нукта ба нукта, мў ба мў.

Дар пайи дидани рухат ҳамчу сабо фитодаам
Хона ба хона, дар ба дар, кўча ба кўча, кў ба кў.

Меравад аз фироқи ту хуни дил аз ду дидаам
Даҷла ба Даҷла, ям ба ям, чашма ба чашма, ҷў ба ҷў.

Меҳри туро дили ҳазин бофта дар қумоши ҷон
Ришта ба ришта, нах ба нах, тор б тор, мў ба мў,

пешина
аз 323
навбатӣ