Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Нодира чун аксари адибони замон, аз ҷумла шавҳараш Умархон, ба ду забон – тоҷикӣ ва ўзбакӣ шеър мегуфт.
Мутаассифона, ба тоҷикӣ аз ў ҳамагӣ 25 ғазал боқӣ мондааст. Садриддин Айнӣ мегўяд, ки девон доштани Нодираро шунидааст, вале «ҳайфо, ки диданаш муяссар нашуд». Аз ин таассуфи самимии устод бармеояд, ки аз рўйи сатрҳои дастраси Нодира ба завқу истеъдодаш қоил будааст.


Навбаҳор аст, санавбар зада бар сар гули сурх,
Тоҷ аз ин шуда бар фарқи санавбар гули сурх.

Шишаи ғунча лаболаб зи гулоб аст имрўз,
Баски шуд об зи шарми рухи дилбар гули сурх.

Файзи гулгашти чаман нашъаи дигар дорад,
Ҳар тараф ғунча сабў дораду соғар гули сурх.

Муждаи айшу тараб мерасад аз боди баҳор,
Боз дар саҳни гулистон зада чодар гули сурх.

Ҳар куҷо ашк фишонӣ, дамад он ҷо гули зард,
Ту ба ҳар ҷо, ки ниҳӣ пой, кашад сар гули сурх.

Навбаҳор омаду рухсораи зебо бинамой,
Баски дар боғи ҷаҳон гашт муқаррар гули сурх.

Сар ба хоки қадами Нодира таслим намуд,
Чун нагардад ба чаман соҳиби афсар гули сурх?!


Эй ғуломи ишқ, то шеъри ту дар Фарғона рафт,
Бар хаёлат офарин аз мардуми фарзона рафт.

пешина
аз 323
навбатӣ