Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Умархон – волии Хўқанд аст» – «Намунаи адабиёти тоҷик») ва барои камолоташ шароит фароҳам овард. Миёни онҳо мушоира ва зарофату хушгўйиҳо доир мешудааст ва ин суолу ҷавоб, ки устод Айнӣ дар «Намуна…» бо истинод ба «Таворихи хамсаи шарқӣ» овардааст, далели ин гуфтаҳост:

Умархон: Зери домони ту пинҳон чист, эй гулпираҳан?
Нодира: Нақши сумми оҳуи Чин аст дар барги суман!
Умархон: Боз ташбеҳи дигар кун, то бигардам аз сарат!
Нодира: Ғунчаи серобро монад, ки нашкуфта даҳан!

Аз ин мисол ҳам шоирии Умархону Нодира собит аст, ҳам як зарра бараҳнагўйие, ки бештар зеби бегонаҳост, то арзандаи зану шавҳар ва шояд хоси он муҳит ё махсуси муносибатҳои он ду нафари қарину хушзавқ будааст.
«Намуна…» соли вафоти Умархонро 1237 мегўяд ва зикр мекунад, ки он вақт амир 35 сол дошт. Ба шаҳодати Тоҷӣ Усмон муаллифони «Таърихи Осиёи Миёна ё худ Мовароуннаҳр», «Таърихи Шоҳрух», «Таърихи Қории Қундузӣ» қатли Нодираро аз ҷониби Насрулло дар соли 1842 ё 1843 зикр кардаанд. Воқеан ҳам, он амири хунхори Бухоро писари Умархон Муҳаммадалихон – «хунхори ҷавон»-ро, ки низ «марди золим ва бетараҳҳуме буд» («Тоҷикон», нашри мазкур, китоби дуюм, саҳ. 99–100), соли 1842 шикаст дода, пайвандону наздиконашро, аз ҷумла модар ва вориси чордаҳсолааш – Муҳаммадаминро аз дами теғ гузаронд. Маъхазҳои мазкур дар ин давра Нодираро пиразан ба қалам додаанд, ки қобили қабул нест. Чунки ҳангоми қатли ў аз вафоти шавҳараш ҳамагӣ 20 сол гузашта буд, чунон ки ёд дорем, Умархон дар 35-солагӣ даргузашт ва, агар то он фоҷиа зинда мемонд, ҳамагӣ 55-сола мебуд. Пас, Нодира бояд тақрибан 50 сол зиста бошад. Яъне, дар ин масъала бояд «Энсиклопедияи советии тоҷик» ҳақ бошад, ки солҳои таваллуду вафоти ўро 1792–1842 медонад (ЭСТ, ҷилди 5, саҳ.214).

пешина
аз 323
навбатӣ