Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Умархон, ки худ шоир буд, ба инкишофи илму адаб низ аҳамият медод. Устод Айнӣ ўро чун «мураббии шуарову фузало» ва «аз шуарои намоёни давраи охир» тавсиф мекунад, ки «бисёр истеъдодҳои адабӣ дар маҳди тарбияташ… ба камол расида» («Намунаи адабиёти тоҷик», Маскав, 1926, саҳ. 196).
Дарвоқеъ, ин ду байт, махсусан, байти аввал, ки бо истинод ба тазкираи ғайриматбуи Муҳтарами Бухороӣ «Радоиф-ул-ашъор» дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (ҳамон нашр, саҳ.195) омадааст, аз завқи баланди шоирии Умархон шаҳодат медиҳад:

Ба шавқи он ки расонам ба зулфи ёр ангушт,
Чу шона медамад аз дасти ман ҳазор ангушт!

Ва:

Амир, омад баҳору ҷуз шикастан нест имконе,
Диҳад гар муҳтасиб бар тарки май сад бор савгандам!

Мавриди зикр аст, ки аз рўйи санадҳои таърихӣ Умархон шахсияти пуртаззоде будааст. Аз як тараф – чунин
завқи воло ва ҳиммати баланди мураббигию сарпарастии
аҳли сухан (қаламкашони зиёдеро дар дарбораш нигоҳ медошт, ба хаттотон китоби лозимашро мефармуд ва барои
ҳар сафҳаи китобаташон чордаҳ тангаи тилло медод!), аз
ҷониби дигар – лашкаркашиҳою забткориҳо, ки бе ҷабру
зулм имкон надоштанд. Минҷумла, соли 1816 шаҳри Ўротеппаро ишғол карда, 400 нафарро сар зад ва 13 000 нафарро асир гирифта, бо қувваашон дар саҳро ба номи худ
шаҳре бунёд намуд. Чизи дигаре, ки ин ҷиҳати хислати волии Хўқандро тақвият мебахшад, чун фарзанди арзандаи
замону доираи иҷтимоии худ соҳиби ҳарами 300-нафара
будани ўст. Умархон Нодираро, ки духтари ҳокими Андиҷон буд, ба занӣ гирифт («андиҷонист ва завҷаи амир

пешина
аз 323
навбатӣ