Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Усмон ва ҳамин ғазалро овардааст. Чун мақтаи овардаи он сактаи вазну маънӣ дорад, таҳрири зерин авло дониста шуд.

Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.

Агарчи кабкхиромам, валек шаҳбозам,
Ба пойи ман нарасад даст ҳеҷ анқоро!

Агар ба талъати хубам назар кунад Юсуф,
Дигар ҳавас накунад дидани Зулайхоро.

Агар ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам,
Сияҳ кунам ба ҷаҳон рўзгори Лайлоро.

Ба ним ғамза тавонам, ки мурда зинда кунам,
Хабар диҳед зи эъҷози ман Масеҳоро.

Чу Тоҷидавла нишон шуд зи хубрўёнам,
Сабо, зи толеи ман мужда деҳ шаҳаншоро!

  1. Нодира

Дар оғози асри ХІХ хонигарии Хўқанд рў ба рушд овард. Агар амир Олимхон (1800–1810), бо ҷалби ҳамтаборонаш – тоҷикони ғаюри кўҳистони Қаротегину Дарвозу Бадахшон, Тошканд ва қисме аз маҳалҳои қазоқнишинро ба даст оварда бошад, бародари ў Умархон (1810–1822) «шаҳри Туркистон ва масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то Ҳафтрўд ишғол намуд» (Бобоҷон Ғафуров.
«Тоҷикон», китоби дуюм. Душанбе, нашриёти «Ирфон», 1998, саҳ.99). Барои вусъати қаламрави ин давлатро тасаввур кардан гуфтан кофист, ки Оқмачит (Қизилўрда), Авлиёато (Ҷамбул), Пишпек (Бишкек), Дарвозу Қаротегин ва Кўлоб ҳам чанде дар ҳайати он буданд.

пешина
аз 323
навбатӣ