Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

  1. Тоҷуддавла

Тоҷуддавлаи Раштӣ (ё Тоҷидавла, ки ба тақозои вазн истифода шудааст) дар байни мардум бисёр шуҳрат дорад ва яке аз сабабҳои ин шояд ғазали «Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро» бошад, ки чун суруд вирди забонҳо ва заминаи маҳбубияти шоира шудааст.
Ҳикояте дар бораи духтари Исмоилшоҳ ва модари Музаффаршоҳ будани Тоҷуддавла то замони мо дар байни мардум вуҷуд дорад. Аввалӣ солҳои 1845–1863 ва дувумӣ баъди ў дар Қаротегин ҳукмронӣ кардаанд. Боз мегўянд, ки шоира дар хидмати шоҳони Дарвоз (аз оғози қарни ХІХ қариб то анҷоми он салтанат доштаанд) будааст, вале духтари шоҳи собиқу модари шоҳи ҳозири як мулкро ба хидмат хондани хонадони дигари шоҳон шубҳанок менамояд.
Ҳамчунин, ба Тоҷуддавла нисбат додани рубоии зерин
– таърихи Қалъаи Хум сустбунёд аст, чунки, аввалан, аз рўйи одат моддаи таърихро шоҳиди воқеа назм мекардааст ва чун «Қалъаи Хум» ба ҳисоби абҷад 845 (1466 мелодӣ) мешавад, дақиқ кардани таърихи бунёди он баъди панҷ аср боварибахш нест:

Шаҳ сохт бинои қалъаро дар боғе,
Офат нарасад ба мевааш аз зоғе.
Таърихи бинош «Қалъаи Хум» кардам,
То бар дили ҳеҷ кас намонад доғе.

Сониян, таносуби мисраъҳои сеюму чорум хароб аст ва гумон, ки онро шоираи муносибсухану мутаносиббаёне (ба ғазалаш таваҷҷуҳ кунед!) чун Тоҷуддавла гуфта бошад.
Албатта, муайян кардани ҳақиқати ҳол кори муҳаққиқони таърихи Ғарму Дарвоз аст. Ва мо, қабл аз он ки бо овардани ҳамон ғазали машҳури шоира иктифо бикунем, зикри боз як нуктаро зарур медонем, ки «Энсиклопедияи советии тоҷик» (ҷилди 7, саҳ.432) низ айни маълумоти Тоҷӣ

пешина
аз 323
навбатӣ