МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ба маънӣ чу Зебуннисо нодира,
Ба Хўқанд машҳураву шоира…
Дар ин тавсиф се нуктаи муҳим зикр шудааст: аввалан – ҳусну солорӣ ва қудрати шоирии Маҳзуна, дувум – дилфиребӣ ва байни халқ, чун зарбулмасал, машҳур будани ашъораш, сониян – дар Хўқанд чун Зебуннисо шуҳрат доштани ў.
Бинобар маълумоти муаллифи «Бистусе адиба», «Дар маҳаллаю деҳоти тоҷикнишини Фарғона, инчунин Хуҷанди собиқ (Ленинободи ҳозира) то ҳанўз дар забони халқ машҳур аст, ки: «Маҳзуна аз оилаи шахси фозили камбағале буда, дар Конибодом ва ё дар Исфара таваллуд ёфтааст ва дар айёми туфулийяти вай падару модараш барои истиқомати доимӣ ба Хўқанд кўчидаанд».
Намунаи дастраси шеъраш ин ғазал аст:
Наям аз даври чархи вожгун бегонаи саҳбо,
Чу хуршед аст доим бар кафам паймонаи саҳбо.
Аз ин майхона ранги каҳрабоӣ кас намебинад
Ба ҳар маҳфил, ки ҷўшад ҳиммати мардонаи саҳбо.
Чароғи давлаташ мушкил, ки мирад аз дами сар-сар,
Ба ҷоми ҳар касе афтад агар дурдонаи саҳбо.
Набошад саҷдагоҳи бехудон ҷуз тоқи абруе,
Ки ҳар кас хам кунад сар бар дари бутхонаи саҳбо.
Гирифторони ҳусни олами маънӣ дигар қавманд,
Машав, Маҳзуна, аз беқудратӣ парвонаи саҳбо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё