Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

байте надорад ва ҳамон беҳ, ки ҳамин ду мисраи зебош дар дили хонанда биншинад.
Дар баъзе маъхазҳо пораи зеринро ҳам ба Нуриҷаҳонбегим нисбат додаанд:

Дил ба сурат надиҳам, то шуда сират маълум,
Бандаи ишқаму ҳафтодуду миллат маълум.

Воизо, ҳавли қиёмат ба дили мо мафикан,
Ҳавли ҳиҷрон гузарондему қиёмат маълум.

Боз ҳам ҷойи афсўс аст, ки аз чунин расосухан ашъори бештаре дастрас нест. Вале аз ин мушти зар ҳам равшан аст, ки хирвори шоирии Нуриҷаҳон чи гарону дурахшон будааст.
Агар ба назар бигирем, ки шоира умри начандон кўтоҳ (дар ҳафтодудусолагӣ дар Лоҳур аз ҷаҳон даргузаштааст) дидааст, эҳтимоли соҳиби ганҷинаи пурбаҳои ашъор будани ў қавитар мешавад.

  1. Маҳзуна

Фазлии Намангонӣ – мураттиби «Маҷмўат-ул-шуаро»
ин шоираро чунин васф кардааст:

Паричеҳра Маҳзунаи бошикеб,
Ки шеъри дақиқаш бувад дилфиреб,

Зане буд гарчӣ ба гуфтушунуд,
Вале гўйи маънӣ зи мардон рабуд.

Бале, он ки бошад ба гуфтан далер,
Магў зан, бихонаш яке наррашер.

Зи гуфтори ў будааст ин ғазал,
Ки гардида бар халқ зарбулмасал...

пешина
аз 323
навбатӣ