Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Шоҳиҷаҳон:

Саборо шарм меояд ба рўйи гул нигаҳ кардан,

Нуриҷаҳон:

Ки рахти ғунчаро во карду натвонист таҳ кардан.

Ва ё, бибинед, ки чи қадар латофату зарофат ниҳон аст дар ин байти зоҳиран сода:

Кушоди ғунча агар аз насими гулзор аст,
Калиди қулфи дили мо табассуми ёр аст!

Чи таносубҳои зебову барҷо дорад ин байт: ғунчагулзор-табассум, кушодан-қулф-калид ва баёни ширини мардумӣ (таваҷҷуҳ кунед ба ибораи халқии «қулфи дил»)!
Бода-шиша ва соз-чанг (ба ду маънӣ: ҳам сози мусиқӣ ҳам ангуштон, ки чанг мезананд) низ таносубҳои устувор ва ташбеҳҳои басо заминии чашмрасу дилрасеанд, ки байти зерин бар онҳо бунёд ёфтааст:

Бода бинӣ, шиша бошу соз бинӣ, чанг бош,
То тавонӣ, бо ҳама ҳамрангу ҳамоҳанг бош.

Оҳанги андарз гирифтани мисраи дувум ҳам аён аст, вале азбаски ин маънӣ аз таносубу ташбеҳҳои барҷову расои сатри аввал бармеояд, на чун панди дилбазани саризабонӣ, ҳамчун як ҳикмати дилраси рўзгор истиқбол мешавад.
Ин ғазали даҳбайтаи Нуриҷаҳонро Аҳрор Мухторов аз сафҳаи холии «Таърихи Муқимхонӣ»-и Муҳаммадюсуфи Муншӣ (хазинаи дастхатҳои «Анҷумани таърих»-и шаҳри Кобул) рўнавис карда будааст (китоби мазкур, саҳ.153–154), лекин аз матлааш баландтару дилписандтар

пешина
аз 323
навбатӣ