МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ба ҳукми шоҳ Ҷаҳонгир ёфт сад зевар
Ба номи Нури Ҷаҳон подшоҳ-бегим зар.
(«Куллиёт», ҷилди 11, китоби 2, саҳ.15)
Мутаассифона, аз осори Нуриҷаҳон ҷуз чанд байт дастрас нашудааст, вале ҳама далели завқи гўё ва ширингуфториву лутфи шоиронаи ўст. «Нуриҷаҳонбегим дар зумраи шуаро эътибору иштиҳори тамом дорад» – гуфтани муаллифи «Миръот-ул-хаёл» Шерхони Лудӣ ба он умедвор мекунад, ки дарёфти девони шоира кори оянда аст, чун дар он замон бо чанд байти парешон «дар зумраи шуаро эътибору иштиҳори тамом» доштан имконнопазир буд. Воқеан, марҷаъҳо «Махфӣ» тахаллус доштани Нуриҷаҳонбегимро низ аз ҳамин тазкира иқтибос кардаанд ва муайян кардани махфиҳо ва тааллуқоти ин ё он шеър ба кадоме аз онҳо масъалаи мармузи ин давраи адабиёт боқӣ мемонад.
Мегўянд, ки боре Нуриҷаҳон бо густохие назди шавҳар сазовори ҷазои сангине мегардад ва ҷойи узр ин байтро ба забон меорад:
Ба қатли чун мане гар хотират хушнуд мегардад,
Ба ҷон миннат, вале теғи ту хунолуд мегардад!
Ҷаҳонгир, ки низ шоир буд, мафтуни ин байти тасвирии зебо шуда, ҳамсарашро мебахшад.
Мушоираи Нуриҷаҳон бо Шоҳиҷаҳон ҳам дар маъхазҳо зикр шудааст. Аз ҷумла, овардаанд, ки дар маҳфиле Шоҳҷаҳон мувофиқи ҳол гуфтааст:
Эй дареғ, оинаи чинӣ шикаст!
Нуриҷаҳон ҳамоно посух додааст:
Хуб шуд – оини худбинӣ шикаст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё