Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

гуфт: «Ақлат бошад, дигар ин дастҳоро намешўйӣ, на ҳар даст ба он дастони табаррук мерасад…».
Мутаассифона, дигар рўйи гарми устодро дидан даст надод ва бори охирин чеҳраи зебою фаромўшнашуданиашонро дар ҷанозаашон, ки бошукўҳтарину серодамтарин маросими он солҳо буд, дидем.
Мо, ҳама донишҷўёни он солҳо, баробари аз он фоҷиаи бузурги халқамон огоҳ шудан, ба назди Театри опера омадем. Атрофи он чунон пуродам буд, ки аз ягон тараф ба даромадгоҳ наздик шудан имкон надошт. Ҳаракати нақлиёт дар кўчаву хиёбонҳо манъ шуда буд. Анбўҳи одамон гурўҳгурўҳ, гулчанбарҳои мотамӣ ба даст, аз тамоми корхонаву муассисаҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо меомаданду меомаданд… Бемуболиға, ҳама мегиристанд. Аз паси пардаи ашк чеҳраи азизу ошнои устод, мўйҳои зебои аз зери тоқии чустӣ намоён, фарзандони чун қатраҳои софи борон ба худашон монанд, шоиру нависандагони аз акси китобҳову мулоқотҳои адабӣ шиноси мотамдору ғамзада, ғарами гулчанбарҳоро медидем, ки он толори бузургро пур карда буданд. Ҷўрабек Мурод, ки умре ашъори зиндадилонаву зиндагисози устодро месуруду мардумро рўҳбаланд менамуд, марсия мехонду дилҳоро рештар мекард…
Вақте ки ҳамроҳи чанд рафиқу шарикдарсон аз маросими видоъ баромадем, хиёбони Ленин ба дарёи саршор шабоҳат дошт; фарқ ҳамин буд, ки дарё як сў меравад, сели одамон дар хиёбон дар як маҷро ба ду ҷониб равон буд.
Раҳбараҳ мешунидем, ки издиҳоми мардум аз ҳад гузаштааст ва милисаҳо дигар касеро сўйи видоъгоҳ рафтан намемонанд; мегуфтанд, ки чанд кас аз ҳуш рафтааст; анбўҳи пурандуҳи одамон дару тирезаҳои театрро шикастаанд…
Чун фаҳмида будем, ки ҷанозаро аз ҳамин роҳ мегузаронанд, дар назди Театри Лоҳутӣ интизор истодем. Ҳама лол буду касе ёрои ҳарфе задан надошт. Ҳама мегирист, баъзеҳо бе ибо овоз меандохтанд. Як назар ҳамсабақам Ҷумъабой (Ҷумъа Қуддус – драмнависи маъруф),

пешина
аз 323
навбатӣ